https://sadoimardum.tj

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватангаро, ватансаро

№:26 (5078), 04 мар 2026, 17:45
0

Давлати Раҳмониён аз зумраи шоирони тавоно ва муваффақи мост. Дар сурудаҳои ширину шево ва зебову рангинаш, ки аз мағзи дилу ҷони шоири ватандӯсту ватангаро садо медиҳанд, мавзуъҳои ишқи Ватан ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Ин муҳаббату садоқат ба Ватан, бахусус, аз силсилаи шеърҳои «Иксири Ватан»-и шоир дар китоби «Номаи офтоб» (Душанбе: «Адиб». – 2024, 328 саҳ.) бо диди нав ва рангу ҷилои тоза ба мушоҳида мерасад. Масалан, шоир дар шеъри баланду ватанхоҳонаи «Ҳадиси муҳаббат» кӯҳи Ватанро меҳроби рӯйи сухани худ ва хештанро мумиёе ба қалам овардааст, ки саропояш ҷӯшида аз санги Ватан аст:

Ай кӯҳи Ватан ба туст рӯйи суханам, 

Ҷӯшида чу мумиё зи санги ту манам.

Шоир дар идомаи ин сурудааш муътақид аст, ки рӯйи ниёз танҳо ба сӯйи Ватани аҷдодӣ дорад ва ҳар меҳреро, ки ба ҷуз Ватани маҳбуб ба бегона бастааст, хоҳад бурид ва ҳар аҳдеро, ки ба ғайр аз Ватан бо дигаре кардааст, хоҳад шикаст. Ҳамчунин, шоири ватанпараст ҳаргиз ҷаҳдеро, ки ба Ватан марбут нест, нахоҳад кард ва ҳарферо, ки ба Ватан дахл надорад, нахоҳад гуфт. Сухани Ватан аз мағзи ҷони шоир мехезад ва ӯ бо номи Ватан ба ҷисми суханаш ҷон медамад. Шоир мутмаин аст, то рамақе дар тан дорад, дар роҳи миллату Ватан ҷонфишонӣ хоҳад кард:

Азбас сухани Ватан зи ҷонам хезад, 

Ҷон аст, ки медамад ба ҷисми суханам.

То дар тани ман асар бувад аз рамақе, 

Ҷуз дар раҳи миллату Ватан ҷон наканам.

Барои шоири рисолатшиносе чун Давлати Раҳмониён ишқ маҳзари Ватан аст ва Ватан маҳзари ишқ:

Бе ишқ Ватан Ватан набошад, 

Билхоса барои ман набошад.

Дар сурудаҳои шоир вожаи ишқ муродиф ва баробарниҳодаи вожаи Ватан аст:

Гӯянд: муродифи Ватан чист? 

Ишқ аст, дигар сухан набошад!

Шоир дар шеъри «Ватанам лонаи шерони нар аст» асолати мардуми моро аз рӯзгори қадим дар марзу буми аҷдодӣ таъйид фармуда, далерию шуҷоат ва мардонагию силаҳшӯрии ононро мавриди ситоиш қарор додааст. Дар зимн итминон дорад, ки дар сурати оҳанги ҷанг кардани душман бо мо, пирӯзӣ ҳатман насибамон хоҳад шуд:

Саркашӣ буд зи азал пешаи мо,

Рафта дар санг фурӯ решаи мо,

Кӯҳро суфта кунад тешаи мо,

Вой бар хасми бадандешаи мо!

Ҷанг аз душману аз мо зафар аст,

Ватанам лонаи шерони нар аст!...

Пеши кас зонуи мо қат нашавад,

Сари мо хам ба разолат нашавад,

Хасми мо ёри саодат нашавад,

Рӯ ба рӯ ҷуз ба қиёмат нашавад.

Бо дид ва эҳсоси амиқи шоиронаву ошиқона дар шеъри «Румузи ваҳдат» шоир мавҷуд будани ҳикмати тоҷикиро дар «хати ча­липоии нақши чакан», дар «навда-навда сабади тоҷикӣ», дар «чархиши чархаи тоҷикӣ», дар «куртаи атласи тоҷикӣ» ва дар «тоқии чоргули тоҷикӣ» таъкид карда, сарсабзию шукуфоии Ватани азизи моро дар ваҳдати сартосарӣ мебинад ва ҳамаи моро ба ваҳдату ягонагии миллӣ фаро мехонад:

Ҳикмати тоҷикӣ

Дарҷ дар хати чалипоии нақши чакан аст – 

Гул ба шерозаи марзи Ватан аст.

Баски гулбаст бувад кишвари мо,

Ҷовидон гулбасар аст,

Гулбасар бому дари мо...

Тоқии чоргули тоҷикӣ

Чор фасли сол аст,

Чор сатри шеър аст, – 

Қитъаи Шайх Камол аст.

Чор ишкели дуруст,

Ваҳдати чортан аст,

Ваҳдати сарбасарии Ватан аст.

Шоир дар шеъри «Ватандорӣ»-и ин силсила Ватанро «пироҳани имон» ба шумор оварда, дар роҳи Ватан аз сари хуни худ гузаштанро ватандорӣ қаламдод кардааст. Ба қавли шоир, ватандорӣ беҳтарин амалест, ки онро метавон бо баҳои ҷони худ анҷом дод:

Ватандорӣ на даъвову на баҳси мовумандорист,

Гузаштан аз сари як мушт хуни худ ватандорист...

Беҳин коре, ки танҳо метавон бо нархи ҷон кардан,

Ватандорӣ, ватандорӣ, ватандорӣ, ватандорист.

Қаламрави имрӯзаи Тоҷикис­тон кӯҳсор аст. Ба ин далел шоир дар шеъри «Кӯҳистонӣ» худро зодаву парвардаи кӯҳистон ба қалам дода, аз ин ки дар ин мавзеъ боли уқоб қуллаи кӯҳро бӯса мезанад ва руҳ бо имон якҷо сукунат дорад, сар ба осмон месояд:

Бипурсанд: Аз куҷо ҳастӣ? Диҳам посух: Зи кӯҳистон!

Аз он ҷое, ки дасти ишқ он ҷо мерасад осон.

Аз он ҷое, ки шаҳболи уқобаш қулла мебӯсад,

Аз он ҷое, ки будубош дорад руҳ бо имон.

Тасвири кӯҳистон дар ин сурудаи шоир бо ҳама шукӯҳу ҷалолаш, яъне, бо гулу гиёҳи тар, рӯди сармаст, чашмаи пурҷӯш, шабнами гавҳарогин, ҳикмати пирон, мардони некдил ба ҷилва омадааст: 

Аз он ҷое, ки аз гулбонги рӯдаш мешавӣ бедор,

Саҳар ҷорист бо ширисапеда нағмаи мурғон.

Аз он ҷое, ки дар ҳар пора сангаш достон сабт аст,

Ба дасти қуллаҳо хуршеду моҳаш дафтару девон.

Аз он ҷое, ки дил дар рӯйи кафдоранд мардонаш,

Аз он ҷое, ки коҳидан надорад қимати инсон.

Дар шеъри «Меҳроби Ватан» шоир Ватанро муроду ишқи ҳамаи ҳамватанон дониста, аз ҳамватанон даъват намудааст, ки ба сӯйи ҳар кӯҳи Ватан ба сифати кӯйи суҷуд ҳамчу бар меҳроб рӯйи ниёз оранд:

Ҷуз Ватан нест муроди ҳамаву ишқи ҳама, 

Рӯ ба ҳар кӯҳи Ватан ҳамчу ба меҳроб кунед!

Шоир, ки ҷанги таҳмилии дохилӣ ва ба шаҳодат расидани фарзанди модари тоҷикро ба чашми сар дидааст, дигарбора ба ҳеҷ ваҷҳ хорию зиллати Ватан ва тирагии осмони онро қабул надорад:

Ғами шаҳодати фарзанди модари тоҷик

Бикушт дар лаби мо шеъри ошиқонаи мо. 

Ягона хоҳиши мо нисбати Ватан ин аст:

Ба гиря хӯ накунад модари ягонаи мо. 

Ҳамчунин, шоир аз сари ҳиммату ғайрат бори ҳамчун кӯҳро дар баробари бори ғами Ватан чун бори пари коҳ каму ночиз медонад: 

Ба пеши бори ғами Меҳан аст чун пари коҳ,

Агарки кӯҳ гузоранд рӯйи шонаи мо.

Дар сурудаҳои ба мавзуи Ватан бахшидаи шоир аз шахсиятҳои бузургу ҷонфидои Ватану миллат, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, дар намунаи Носири Хусрав ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ёд шудааст. Масалан, шоир дар шеъри «Лаъли сиришки модар» дар муроҷиат ба модари бадахшонӣ чунин мегӯяд:

Фарзандро бигӯ, ки агар мирад,

Танҳо барои хоки Ватан мирад.

Чун Ҳуҷҷатулҳақи дараи Юмгон,

Дар пойи руҳи поки Ватан мирад.

Фарзандро бигӯ, ки чу Шириншоҳ,

Ҷонро фақат фидои Ватан созад,

То қаҳрамони миллати худ бошад,

Сар дар сари вафои Ватан бозад.

Каси беватан, ба андешаи шоир, зиндаи ба ҳукми мурда ё нобудшуда аст. Ватан барои шоир ҳароина, умедгоҳ аст ва пойи шоир бастагӣ дар хоки Ватан дорад. Хоки аҷдодро шоир кафили ҳамешаи худ медонад:

Тарки ту, ай Ватан, ҷазои ман аст,

Инчунин амр кай сазои ман аст?

Бими ҷонам намебарад аз ҷо,

Андар ин мулк баста пои ман аст.

Ҳар кӣ аз мулки хеш маҳрум аст,

Зинда, аммо ба ҳукми маъдум аст...

Дар шеърҳои дигари ин силсила, аз ҷумла «Хоро», «Ишқу имон» ва «Тоҷикона», ҳам ишқу муҳаббати шоир ба сангу хок ва гулу гиёҳи Ватан зебову хотирмон тасвир шудааст. Масалан, дар шеъри «Хоро» шоир муҳаббати худро ба хорасанги Ватан чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

Ба ҷон кӯҳи Ватанро дӯст дорам, 

Ба пуштам хорасангашро фарорам. 

Фарорам, дасти устое супорам, 

Тарошад то аз он санги мазорам.

Агар лавҳи мазорам хорасанг аст, 

Нишони рӯшане аз ному нанг аст. 

Агар, ай кӯҳ, бе санги ту мирам, 

Дилам дар гӯр ҳам баҳри ту танг аст!

Дар дигар шеърҳои китоби «Номаи офтоб», ҳамчунин, дар рубоиҳои ин китоб ҳам мавзуи ишқи Ватан пайгирӣ шудааст, ки ҷолибу ҷаззоб ба назар мерасанд. Масалан:

Ҳар рӯз ҳазору анд тан хок шавад,

Берун зи диёр марду зан хок шавад.

Мушти хокаш муқаддасӣ меёбад,

Гар шахси бузург дар Ватан хок шавад. 

Ин сурудаи шоир ҳақиқати бебаҳс аст. Воқеан, мазори бузургони миллати мо, ба мисли устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон, ки дар Душанбе хок шудаанд, имрӯз ба зиёратгоҳи сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Дар маҷмуъ, ин нукта, ки Давлати Раҳмониён шоири ватангаро ва ватансарост, тардид надорад. Ба андешаи мо, маҷмуаи шеърии ӯ бо номи «Номаи офтоб», ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешбарӣ шудааст, ба ин ҷоиза сазовор аст. 

Ҳасани СУЛТОН, 

узви вобастаи АМИТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: