Табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум»
1-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе
35 сол муқаддам, 1 январи соли 1991, нахустин шумораи рӯзномаи «Садои мардум», нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 29 августи соли 1990 Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон №115 дар бораи ташкили нашри он ҳамчун органи Совети Олии РСС Тоҷикистон ба имзо расида буд, ба табъ расид. «Садои мардум» дувумин газетаи парламентӣ баъд аз Федератсияи Россия дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб мерафт. Ин нашрия ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.
Аз нахустин рӯзҳои фаъолият аҳли эҷоди рӯзнома садоқати худро ба Ватан, миллат ва халқи худ нишон дода, суботкорона заҳмат кашида, ҷомеаро бо ахбору рӯйдодҳои навин сари вақт таъмин мекарданд, аммо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ авзои кишвар рӯ ба ташаннуҷ оварда, муноқишаҳову бархӯрдҳои сиёсӣ ба нооромӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расониданд. Аз ин даргириҳо рӯзномаи «Садои мардум» низ дар канор намонд. Дар он рӯзҳои мудҳиш сармуҳаррири нахустини рӯзномаи «Садои мардум», вакили мардумӣ Муродулло Шерализода аз аввалини қурбониҳои ин ҷанги таҳмилӣ гардид. Ин талафоти гарон руҳияи шикастнопазири эҷодиву касбии кормандони рӯзномаро шикаста натавонист. Ҳайати таҳририяи рӯзнома бо азму иродаи дучанд ва неруи тавонову созандаи қаламу забону сухан тавонистанд дар барқарорсозӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ, ваҳдату якдилӣ ва оромии ҷомеа корҳои шоиста анҷом дода, рисолати касбӣ ва ватандории худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд.
Тайи 35 соли фаъолият нашрияи «Садои мардум» бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду ташаккул ёфта, ба як мактаби бузурги тарбияи кадрҳои эҷодӣ ва роҳбарикунанда мубаддал гаштааст.
Чӣ тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад».
Имрӯз «Садои мардум» обрӯю маҳбубияти хосаеро миёни сокинони кишвар пайдо намудааст. Аҳли қалами рӯзнома барои ба мардум расонидани рафти ҷаласаҳои ҳарду палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри қонунҳои қабулгардида дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, ҳаёти фарҳангии мамлакат, хабару рӯйдодҳои муҳими ҷомеа, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар сафи пеш қарор дошта, масъулияти ба дӯш доштаашонро софдилона ва содиқона иҷро мекунанд.
Боварии комил дорам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, рисолати касбӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ, содиқона, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи манфиату арзишҳои милливу давлатӣ фаъолият мекунанд.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, аҳли эҷоди «Садои мардум»-ро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии рӯзнома табрику таҳният гуфта, барояшон мувоффақиятҳои нав ба нави эҷодӣ, бахту барор ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
