Фаъолияти шарафмандона ва саҳми шоиста дар рушди парламентаризми миллӣ
Вақте рӯзномаи «Садои мардум» ба фаъолият шурӯъ кард, дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ танҳо Федератсияи Россия соҳиби рӯзномаи парлумонӣ буд. Яъне, Тоҷикистон дувумин давлате аст, ки парлумонаш рӯзномаи махсуси худашро таъсис дод.
То соли 1991 фаъолияти парлумон дар рӯзномаҳои дигар ба таври мухтасар инъикос мегардид. Бо ба фаъолият шурӯъ кардани «Садои мардум» инъикоси фаъолияти парлумон бамаротиб бештар шуд.
Аз аввали нашр то ҳол шуморае нест, ки дар он як хабару гузориш ва ё мақолаву шарҳ аз фаъолияти парлумон чоп нашуда бошад. Ҳанӯз дар шумораи аввали рӯзномаи «Садои мардум» (1.01.1991, №1) мусоҳибаи корманди нашрия бо Раиси вақти Шурои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов бо номи «Роҳи наҷотро дар ваҳдат мебинам» нашр шудааст.
Дар он оид ба фаъолияти раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, нақши парлумон дар идоракунии давлат ва дигар масъалаҳои вобаста ба он суҳбат шудааст.
Дар шумораи дувуми рӯзнома 3 январи соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар шакли пурра чоп гардидааст. Ҳамин тариқ, инъикоси фаъолияти парлумон аз афзалиятҳои кори рӯзнома буда, ҳанӯз аз шумораҳои нахустин доир ба ҳодисоту ҷараёнҳое, ки дар Шурои Олии Тоҷикистон мегузашт, пурра маълумот дода шудааст.
Аз шумораҳои нахустини рӯзнома зери рубрикаҳои доимии «Аз Комитети Шурои Олии Тоҷикистон», «Ваколат ва масъулият», «Андешаҳо баъди анҷуман» фаъолияти парлумони кишвар ҳамаҷониба инъикос ёфта, доир ба кори вакилон хабару гузориш, суҳбату мусоҳибаҳо ташкил карда шудааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вакилон ва намояндагони соҳаи ҳуқуқ қонунҳо шарҳу тафсир шудаанд. Дар ин баробар, зери рубрикаҳои «Номаҳо ба Шуро» ва «Сухан бе парда гӯянд» оид ба мушкилоти интихобкунандагон ва фаъолияти вакилони маҳаллӣ сухан меравад. Ҳамчунин, шурӯъ аз шумораи №24, 2 феврали соли 1991, рубрикаи нав бо номи «Пурсишеро посухе» роҳандозӣ шудааст, ки робитаи рӯзнома бо хонандагонро қавитар намудааст. Дар ин рубрика саволҳои хонандагони рӯзнома ҷой дода шуда, ҳамзамон, ҷавоби масъулин низ оварда шудааст. Дар баробари дигар масъалаҳо хонандагон, ҳамчунин, саволҳоеро, ба мисли «Дар парлумон чанд ҳизб аст?», «Депутати ҷавонтарин кист?» ва «Як сессия чанд сӯм меистад?» пешниҳод кардаанд, ки бевосита ба фаъолияти парлумон рабт дорад.
Дар шумораи №38 бори аввал дар рӯзномаи навтаъсис гузориш аз сессияи Шурои Олӣ бо номи «Фишурдаи гузориш аз сессия» нашр шуда, дар шумораҳои баъдӣ (дар 6 шумора) низ давом ёфтааст. Дар гузориш шурӯъ аз оғози сессия то баромади вакилон, ҳатто, луқмапартоиҳо аз толор инъикос ёфтааст.
Ҳамин тариқ, рӯзномаи «Садои мардум» ҳама вақт чун нашрияи парлумонӣ вазифаашро бе каму кост иҷро карда омадааст. Ҳатто, замоне ки кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела дода шуд, рӯзнома дар иҷрои вазифаҳояш саҳлангорӣ накард. Хусусан, сессияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, тақдири давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ба самти мусбат тағйир дод, рӯзнома пурра инъикос кардааст. Пас аз сессия, ки муваққатан сохти идоракунии президентӣ дар кишвар боздошта шуда, ваколатҳои Президент бар дӯши Раиси Шурои Олӣ вогузор шуд, масъулияти «Садои мардум» дучанд афзуд. Дар ин давра фаъолияти Раиси Шурои Олӣ, ки ҳамзамон, Роҳбари давлат ҳисоб меёфт, ҳаматарафа инъикос ёфтааст, зеро ҳадафу мақсадҳое, ки дар Иҷлосияи XVI роҳбарияти тозаинтихоби давлат ва вакилон пеши худ гузошта буданд, барои иҷрои он аз ҳамаи шохаҳои ҳокимият, кулли ҷомеа, аз ҷумла рӯзноманигорон, матонату иродаи қавӣ талаб мекард.
Пас аз баргузори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки Ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, ба фаъолият шурӯъ кард, муҳтавои мавзуъҳои рӯзнома низ бештар тарғиби даст ёфтан ба сулҳу ваҳдат, ҳифзи якпорчагии Ватан ва раҳо бахшидани кишвар аз мушкилоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардум омадаро касб кардааст.
Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки кишвар ба марҳилаи нав ворид шуд, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаи «Садои мардум» низ, дар ин самти муҳим саҳми бештар гузошт. Пас аз соли 1997 марҳилае шурӯъ шуд, ки воситаҳои ахбори омма бояд тамоми дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадааст, тарғиб менамуданд. Агар то соли зикршуда бештари маводҳои воситаҳои ахбори омма хусусияти маҳкум намудани ҷанг ва тарғиб барои расидан ба сулҳу ваҳдатро доштанд, пас, дар марҳилаи баъдиҷангӣ зарурати нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ба вуҷуд омада буд. Рӯзномаи «Садои мардум» матлабҳоеро нашр менамуд, ки бештар характери таблиғотӣ доштанд. Масалан, дар шумораҳои баъди 27 июни соли 1997 мақолаву мусоҳибаҳое чоп шудаанд, ки бозгӯкунандаи шодиву сурури хурду бузурги кишвар аз ба даст омадани сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Мақолаҳое, ба мисли «Рӯзи умед ва тантанаи хиради солим», «Бунёдкор ва созанда бошем», «Ояндаи кишварамон дурахшон аст», «Неъмате беҳтар зи истиқлол нест», ки ба қалами кормандони рӯзнома, сиёсатмадорону вакилон, аъзои Ҳукумат ва дигар намояндагони ҷомеа эҷод шудаву дар рӯзнома нашр шудаанд, тақвиятбахши суханҳои болост.
Баъд аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ, рӯ овардан ба иҷрои корҳои бузурги ободонӣ шурӯъ шуд. Роҳбарияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар иқдом намуд, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Соли 1999 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои он ба парлумони дупалата табдил додани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Охири моҳи феврали соли 2000 дар кишвар нахустин интихоботи парлумонӣ барои интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Дар ин сол парлумони касбии Тоҷикистон иборат аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шурӯъ кард. Вазифаи рӯзномаи «Садои мардум», ҳамчун нашрияи парлумонӣ, дар ин марҳила фаҳмонидани мақсаду иқдомҳои Роҳбари кишвар ҷиҳати ислоҳоти конститутсионӣ ба мардум буд. Инъикоси маъракаҳои муаррифии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, рӯзи баргузории интихобот ва нахустин рӯзҳои ба фаъолият шурӯъ кардани парлумони касбӣ дар авлавияти кори рӯзнома қарор дошт. Рӯзнома бо нашри мақолаю гузоришҳои «Интихобот дар Тоҷикистон далели фарҳанги бостонӣ ва давлатдории 1100-сола бояд гардад», «Ба асри нав - бо парлумони нав», «Ширкати ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот чӣ гуна сурат мегирад?», «Маҷлиси миллӣ чӣ тавр ташкил меёбад?», «Ширкати занон дар интихоби парлумони ҷумҳурӣ», «Парлумони касбӣ барои рушди кишвар бояд хизмат намояд» ва даҳҳо матлаби дигар дар пур кардани фазои иттилоотии кишвар нақши назаррас гузоштааст.
Пас аз ислоҳоти конститутсионӣ ва ба марҳилаи рушд ворид шудани кишвар рӯзномаи «Садои мардум» низ, ки ҳамеша ҳамқадами замон буд, барои тарғиби дастовардҳо иқдом намуд. Имрӯзҳо рӯзнома пайваста фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.
Тавре хонандагон огоҳанд, ҳангоми баргузор шудани иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои якҷои онҳо дар бораи инъикоси рафти иҷлосия қарор қабул мешавад. Қарори мазкур рӯзномаи «Садои мардум»-ро муваззаф мекунад, ки кори иҷлосияро пурра инъикос намояд. Аз ин ҷост, ки иҷлосияҳои якҷоя ва ҳамаи иҷлосияҳои ҳарду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли пурра нашр мешаванд.
Дар баробари ин, ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пурра пешкаши хонандагон гардида, фаъолияти ҳаррӯзаи парламент - вохӯриҳои роҳбарони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мулоқот ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои гуногун, сафарҳои дохиливу хориҷии онҳо, ҳамчунин, фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пурра инъикос мешавад. Инъикоси муносибатҳои байнипарлумонӣ низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум»-ро ташкил медиҳад.
Хулоса, рӯзномаи «Садои мардум», ҳамчун нашрияи Маҷлиси Олӣ ва расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми матбуоти тоҷик мақоми хоса дошта, ҳамеша мавқеи устуворашро ҳифз кардааст. Давоми 35 сол ҳеҷ намунае аз фаъолияти ғаразнок ё ғайрикасбии онро касе мушоҳида накардааст. Яъне, дар тамоми давраи мавҷудият роҳи ин рӯзномаи маҳбуб ҳамеша рост, дар доираи талаботи қонунгузорӣ будааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
