Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати 35-солагии рӯзномаи «Садои мардум»
1-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе
Кормандону хонандагони арҷманди рӯзномаи «Садои мардум»,
Муҳтарам аҳли қалам ва матбуоти тоҷик!
Соли 2026 барои миллати сарбаланди мо соли таърихӣ хоҳад буд. Зеро мо дар ин сол 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои муҳиму арзишманди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ таҷлил менамоем.
Барои кормандону алоқамандони рӯзномаи «Садои мардум» ва, дар маҷмуъ, аҳли фарҳангу матбуоти ҷумҳурӣ соли 2026 хотирмон мебошад, зеро имрӯз рӯзнома 35-солагии худро ҷашн мегирад.
Ба ин муносибат, кулли кормандон ва хонандагони рӯзномаи мардумиро бо ин санаи фархунда шодбош мегӯям.
Маврид ба зикри хос аст, ки рӯзномаи «Садои мардум» ҳамсоли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нахустин шумораи он 1-уми январи соли 1991 ба нашр расидааст.
Рӯзнома дар давраи ниҳоят ҳассос ва шароити мураккаби таърихӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки барои ҳифзи сарҷамъии миллат ва таъмини якпорчагии ҷумҳурии тозаистиқлоли мо марҳилаи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Ба ҳайси нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» тайи ин солҳо фаъолияти пурсамари парлумони Тоҷикистонро ба таври пурраву фарогир инъикос намуда, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми шоиста мегузорад.
Нашрия фаъолияти бисёрсола ва рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи вакилӣ то Раиси Шурои Олӣ - Сарвари Тоҷикистон интихоб шуданашон воқеъбинона инъикос намудааст.
Имрӯз низ рӯзнома дар мавқеи асливу бунёдии худ устувор буда, рисолаташро сарбаландона амалӣ менамояд.
Итминони комил дорем, ки кормандони рӯзнома беш аз ҳарвақта барои иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хеш масъулияти бештар эҳсос карда, дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдату суботи миллӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва рушду шукуфоии минбаъдаи Ватани маҳбубамон саҳми бештар мегузоранд.
Бо ибрози ин ниятҳои нек, 35-солагии нашрияи «Садои мардум»-ро бори дигар ба ҳайати эҷодии рӯзнома табрик гуфта, дар иҷрои ин рисолати муқаддас ба онҳо барору комёбиҳои нав хоҳонам.
Ҷашни 35-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Садои мардум» муборак!
Ҳамчунин дигар маводҳо:
