Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо афсарони қӯшунҳои дохилии ВКД
30-юми декабри соли 2025 вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Файзалӣ Идизода ба ҳозирин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рақамикунонии иқтисод, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дақиқназарона таҳлил шудаанд.
- Президенти кишвар соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватандориву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хона ва маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд, - таъкид кард Файзалӣ Идизода.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ афсарони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои нави парламенти кишвар боздид карданд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
