35 сол бо мардум
Сию панҷ соли фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум» яке аз саҳифаҳои дурахшони матбуоти навини мост. Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ нашрия тавонист ба минбари боэътимод, инъикосгари ҳақиқат ва ҳаммаслаки давлату миллат табдил ёбад.
Нашрия дар шароите ба фаъолият оғоз кард, ки кишвар дар ҳолати мураккаби сиёсӣ қарор дошт. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷомеа ба минбари баланд, ба манбаи боэътимоди иттилоот ниёз дошт. Аз рӯзҳои нахустин қаламкашони рӯзнома бо масъулияти баланд ва ҷонибдорӣ аз ҳақиқат ба майдон омаданд. Айёми ноамнӣ - солҳои 1991-1992 ба давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монданд. Маҳз, садоқат ба ҳақиқат, ба Ватан рӯзномаро миёни мардум маҳбуб гардонид.
«Садои мардум» давоми 35 сол тавонист арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, ғояҳои созандагию ваҳдат, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми дастовардҳои миллатро инъикос намояд. Нуқсони ҷомеаро фош ва барои бартараф намудани онҳо мусоидат кунад. Умуман, рӯзнома минбари муҳими таҳлили масоили сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ гардид ва рисолати хешро идома дода истод.
Ҳар шумораи он, таърихи Ватани маҳбубамонро инъикос намудаю маҳфуз медорад, балки таърихи Ватани соҳибистиқлоли мост.
Саҳми рӯзнома дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои давлатӣ, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатӣ ва татбиқи он хеле бузург аст. Аз матолиби он ҳамеша садои ҳақиқат, садои коргаре, ки заҳмат мекашад, садои соҳибкорони бунёдкор, омӯзгоре, ки насли имрӯзу фардоро тарбия мекунад, деҳқоне, ки аз замин ризқ меёбад, садои ҷавонони ояндасоз, парчамбардорони Ватан ба гӯш мерасад. Аз рӯзи таъсисёбиаш то кунун ҳамеша дар ҷустуҷӯю навоварӣ, таҳлили амиқ ва пешниҳоди масъалаҳои барои ҷомеа муфид буду ҳаст.
Дар баробари ин, «Садои мардум» мактаби бузурги тарбияи рӯзноманигорон низ маҳсуб меёбад. Дар ин даргоҳ даҳҳо журналистони ҳирфаӣ, қаламкашони ҷӯё, таҳлилгарони ҷавон ба камол расидаанд. Теъдоди зиёди мухбирони маҳаллӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолияти густурда доштанд, аз ҷумла дар вилояти Суғд - Додоҷон Раҷабӣ, нависанда ва рӯзноманигор, собиқ муовини сармуҳаррири «Садои мардум», Солеҳи Зарифзод, Мухтори Абдулло, Ҳусейн Нарзулло, Абдувосит Салимзода ва Мирзоаъзам Мақсудов бо матолиби худ соҳибном гардиданд. Имрӯз ин рисолатро қаламкашони ҷавон идома бахшида, рӯзномаро бо муштариён боз ҳам наздик месозанд. Бо талоши ҳамин рӯзноманигорон «Садои мардум» ба минбари озоди созандагӣ, тарғибу ташвиқ ва муаррифии қонунҳои соҳаҳои гуногуни давлати соҳибихтиёрамон табдил ёфтааст.
Дар замони муосир бо вуҷуди пешрафти илму техника, рақобати шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигаргун шудани завқи ҷомеа рӯзнома мавқеи худро аз даст надода, ҳамчун оинаи қаднамо фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо масъулияти том ва сарбаландона инъикос менамояд.
Бо гузашти солҳо рӯзнома мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар ҷомеа тақвият бахшид. Дар лаҳзаҳои муҳим, аз ҷумла ҷараёни рушди иқтисоди миллӣ, ободкорию созандагӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, илму фарҳанг, саноат ва кишоварзӣ ҳамеша фаъол буду ҳаст.
Дар баробари ин, рӯзнома ҳамеша ба тарбияи фикрии ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад. Матолиби он мардумро ба созандагӣ даъват карда, ба ҳифзи истиқлол, эҳтиром ба забону фарҳанг, меҳнати ҳалол ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Рӯзнома, ҳамчунин, бо нашри мақолаҳои танқидӣ барои ислоҳи камбудиҳо, беҳтар кардани сифати кор ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони соҳаҳои гуногун дар иҷрои вазифаи ба зиммадоштаашон нақши муҳим бозидааст.
Боиси ифтихор аст, ки то кунун арзишҳои асосии худ - ҳақиқатнигорӣ, масъулият, садоқат ва эҳтиром ба хонандаро ҳифз кардааст. Ҳар шумораи нашрия гувоҳи он аст, ки журналистикаи тоҷик бо вуҷуди ҳама мушкилоту тағйироти замон воқеиятро баён мекунад ва дар рушди ҷомеа саҳм мегузорад.
Дар ин рӯзҳо, ки рӯзнома қадами устувори 36-солагии худро гузоштааст, бо камоли ифтихор метавон гуфт: «Садои мардум» ҳамеша бо мардум ва миёни мардум хоҳад буд. Ин садо садои миллат, садои пешрафт ва садои умедбахш ба фардои дурахшон аст. Бигзор, чунин садо ҳамеша баланд бошад.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
