Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Чин
12-уми январи соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Чинро муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ пайваст менамоянд, ки бар асоси эҳтироми мутақобил, баробарҳуқуқӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар рушд меёбанд. Дар ин раванд, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ нақши махсус доранд. Фаъолияти онҳо ба барқарор гардидани робитаҳои мустақим ва боэътимод байни вакилон, густариши мубодилаи афкор ва ташаккули робитаҳои устувори ҳамкорӣ байни парламентҳои кишварҳоямон мусоидат мекунад.
- Мо ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва субот аҳамияти махсус медиҳем ва саҳми ҷонибҳоро дар таъмини суботи минтақавӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ баланд арзёбӣ менамоем, - гуфт дар фарҷом Насрулло Маҳмудзода.
12-уми январи соли 2026, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки аз лаҳзаи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷонибаи кишварҳоямон дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарӣ ва манфиати ҳамдигар рушду инкишоф ёфта, муносибатҳо аз ҳамсоягии нек ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.
- Мубодилаҳо миёни мақомоти қонунгузор ҷузъи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба шумор мераванд. Солҳои охир мақомоти қонунгузори ҳарду кишвар робита ва ҳамкориҳои зич дошта, дар пешбурди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим бозидаанд.
Мо аз раванди мусбати ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва густариши робитаҳои мақомоти қонунгузори ду кишвар изҳори қаноатмандӣ менамоем. Бо таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парламентҳои ду кишвар умед дорем, ки ин гурӯҳҳо дар таҳкими робитаҳои дӯстии миёни ду халқ нақши фаъолтар хоҳанд бозид, - изҳор намуд М. Гулзода.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
