https://sadoimardum.tj

Тавзеҳи паёми раҳнамунсоз ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист

№:6 (5058), 15 янв 2026, 16:38
0

9-уми январи соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Зарафо Қиёмзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавсума Муинӣ аҳамияти Паёми Пешвои миллатро дар рушди давлатдорӣ, таҳкими қонунгузорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ таъкид намуда, нақши мақомоти қонунгузорӣ ва ҷомеаро дар иҷрои дастуру супоришҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву экологӣ муҳим арзёбӣ кард.

- Паёми имсола бо зикри рӯйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикис­тон, Қирғизистон ва Ӯзбекис­тон дар бораи нуқтаи пайваст­шавии сарҳади давлатии се кишвар ва ­Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд, - иброз дошт Мавсума Муинӣ.

Ҳамчунин, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудани қатъномаҳои махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим, дар пойтахти мамлакат баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯйдодҳои дигари муҳими сол арзёбӣ шуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: