https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Го Ҷитсзюн

№:6 (5058), 15 янв 2026, 16:41
0

12-уми январи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.

Зимни суҳбат зикр шуд, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳоямон равобити дуҷониба ба марҳилаи нав баромада, аз сатҳи муносибатҳои муқаррарӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқчигӣ расидааст. 

Муваффақиятҳои бадастомада шарофати муносибатҳои дӯстона, иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  муҳтарам Сӣ Ҷинпин арзёбӣ гардид.

- Пешрафти муносибатҳои стратегии мо аз фаъолияти парламентҳои ҳарду кишвар, густариши робитаҳо ва тасдиқи санадҳои байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Маҷлиси намояндагон минбаъд низ барои таҳкими шарикии стратегӣ ва дӯстии кишвар­ҳоямон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Мо ҳамбастагии худро дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ дар доираи механизмҳои байналмилалии парламентӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарламентӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ иброз медорем, - гуфт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: