https://sadoimardum.tj

Тарбиятгари ҳазорҳо

№:7 (5059), 19 янв 2026, 17:39
4

Ҳангоми варақгардон кардани саҳифаҳои зардшудаи рӯзнома ба гирдоби хаёл ғӯтавар мешавӣ. Ҳар саҳифа гӯё дарро ба айёми дур мекушояд: солҳое, ки рафтанд, аммо нақши қадамҳои одамон, садои қалами журналистон ва оҳанги сухани адибон дар онҳо боқист.

Имзоҳои зиёд – шинос ва ношинос чашмро рабуда, туро ба андеша водор месозанд: ҳар як ном як қисса аст, ҳар як мақола як оинаи рӯзгор, ҳар як шумора як шиносномаи замон... Ҳар як ҷумла ва сатри онҳо барои хонанда ҷолиб асту пандомез. 

Аз гузашта маънӣ гирифтан, қадр кардани заҳмати устодон ва шинохти роҳе, ки тай шудааст, нишони камол аст, зеро рӯзномаи «Садои мардум» тӯли 35 соли фаъолият на танҳо оинаи ҷамъият буд, балки дар тарбияи ҳазорҳо хонанда, садҳо журналист ва даҳҳо адиб хизмати арзанда кардааст, ки имрӯз дарси ибратанд. 

Давоми 35 сол садҳо рӯзноманигорони ҳирфаиро дар оғӯши худ парваридааст, қалами садҳо ҷавонро рост намудаву онҳоро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расондааст. 

Ин даргоҳ хислати аҷибе дорад: ҳар касе, ки ба он қадам мегузорад, дер ё зуд услуби худро меёбад. Гӯё саҳифаҳои ин рӯзнома дар қаламҳо нӯшоба меандозанд, маҳоратро сайқал медиҳанд ва ба қаламбадастон ҷасорати гуфтани ҳақиқати навишта ва ифшои маънии зиндагиро медиҳанд. Вақте мешунавӣ, ки роҳбари як мақоми баландпоя ва ё фалон вазорати кишвар корро маҳз аз рӯзномаи «Садои мардум» оғоз кардааст, хеле мароқовару боиси ифтихор аст.

ПЕШСАФОНИ ДИРӮЗ...

Дар миёни мақолаҳо ному насаб­ҳои зиёди дӯстдоштанию шинохта ба назар мерасанд. Ҳамчунин, ба имзоҳои мустаор низ бармехӯрем, ки ҳар кадоме соҳибуслуб буда, мавзуъҳои муҳим, хонданибоб ва саривақтиро рӯи саҳифа овардаанд. Имрӯз бисёр журналистони маъруфи кишварро мебинем, ки маҳз аз ҳамин даргоҳ фаъолиятро оғоз кардаанд - аз ҳамин макони муқаддас, ки ба онҳо пояи устувор, андешаронӣ ва масъулияти суханро омӯзонид.

Қироншоҳ Шарифзода, Ҳуриннисо Ализода, Қурбон Мадалиев, Низом Қосим, Тилло Некқадамов, Хайриниссо Юсуфӣ, Кароматуллои Аҳмад ва дигар чеҳраҳои пурнуфузу соҳибэътибор дар соҳаи рӯзноманигорӣ тарбиятдидаи ҳамин мактабанд. Онҳо аз шумораи аввал то ба зинаҳои баланди ҳаёти касбӣ бо заҳмату меҳнат маъруф шуданд. Имрӯз дар тамоми кишвар онҳоро бо эҳтиром ёд мекунанд, зеро дар замони кор дар «Садои мардум» бо дониши хуб, одоби ҳамида, сухани созанда ва хоксории худ намуна буданд. Хизматҳои онҳо дар таърихи рӯзнома абадӣ хоҳанд монд.

МАШЪАЛДОРОНИ ИМРӮЗ

Ин мактаб имрӯз ҳам фаъолияти пурсамар дорад. Таҷрибаю собиқа қатъ нашудааст, машъал хомӯш нагардидааст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки имрӯзҳо нафарони зиёдро ҷамъ овардаву дар ростои касбияти баланд ва масири эҷоди бесобиқа тарбия кардаву ба камол расонидааст. Ба мисли Абдухолиқ Мирзоев, Далер Абдулло, Ориф Ёдгоров, Фарзона Файзалиева, Шариф Атобуллоев ва даҳҳо ҷавонони дигар, ки бо қалами равону сухани андешавар рӯзномаро ҷилои тоза мебахшанд. Нигоштаҳои онҳо паёми замон, оинаи ҷомеа ва нишонаи онанд, ки рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунон мактаби бузурги рӯзноманигорист.

Ман низ, дар қатори ин қаламбадастон, чанд моҳи фаъолияти худ аз ин даргоҳи пурфайз сабақ гирифтам. Нону намакашро чашидам, дарсҳо ва маслиҳатҳои устодонашро гӯш кардам, аз фазои омӯзанда ва меҳру муҳаббати ҳамкорон неру гирифтам. Ҳар шуморае, ки аз чоп мебарояд, барои кормандони ин мактаб рӯзи шодӣ ва рамзи фахр аст: зеро онҳо бори дигар рисолати худ - расонидани сухани росту муҳим ба ҷомеаро иҷро мекунанд.

Дар ин макон ҳар нафаре, ки бо дасти холӣ меояд, пур бармегардад. «Садои мардум» инсоният, масъулият, адолат, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба ҳақиқат­ро меомӯзонад.

МАКТАБИ ТАҶРИБА

Пеши назари шумо чеҳраҳои арзандаи арсаи сухан меистанд – чеҳраҳои воқеан музаффар, ки бо қалам зиндагӣ карданд ва бо қалам маъруф гаштанд. «Садои мардум» танҳо як рӯзнома нест, мактаби садоқат ба Ватан аст, ки тайи солҳои зиёд кадрҳои кордон, журналистони ҷасур ва қаламбадастони андешамандро ба ҷомеа муаррифӣ кардааст.

Таҷрибаи зиндагии ин даргоҳ бузургтарин устод аст. Ҳар саҳифааш дарси нав, ҳар гузоришаш сабақи рӯзгор ва ҳар матлабаш оинаи ҳақиқат. Тӯли ин солҳо аз ин даргоҳи рӯзноманигорӣ шахсиятҳое иззату марҳамат ёфтанд.

Рӯзномаи мо - «Садои мардум» садои ту, садои ҷомеа, садои миллат, садои ҳақиқати қонун аст.

Бигзор, дар роҳи бедории афкор, таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва рушди фарҳанги миллӣ ҳамеша муваффақ бошӣ!

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: