https://sadoimardum.tj

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

23 май 2025, 16:02
9

21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи чорабиниҳои ҳафтаи футболи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти хос медиҳад ва онро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳолати ҳамкориҳои рӯзафзуни Созмони Милали Муттаҳид бо парламентҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба саҳми мақомоти қонунгузори кишвар, аз ҷумла палатаи болоии он дар амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ шудаанд, ибрози назар карданд.

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба башарият, инчунин, пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои муҳимми мулоқот буданд.

Дар ин робита, ҷонибҳо доир ба аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, табодули андеша намуданд.

Ба нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар баррасии масоили амниятӣ, бахусус, вокуниш ба хавфу таҳдидҳои афзоишёбандаи ҷаҳони муосир, бахусус терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯза дар Афғонистон, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу оромии комил ва рушди босуботи он буда, талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвари ба мо ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд.

Дар идома аз сатҳи кунунии муносибатҳо ва таҳкими равобити дӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Имзои Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ омили муҳимми таҳкими сулҳу субот ва муносибатҳои дуҷониба дониста шуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: