https://sadoimardum.tj

Барои кишоварзони Ҳисор машварат дода шуд

28 янв 2026, 08:00
0

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Аҳмадзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода, муовини раиси шаҳри Ҳисор Баҳодур Назарзода ва кишоварзон дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ машварати илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Бо мақсади бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон  дар ҷамъомади мазкур технологияи нави боғдорӣ, парвариши зироатҳои равғандиҳанда роҳҳои муосири баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо ва усулҳои киштгардон баррасӣ шуданд. Олимони соҳа ба кишоварзон вобаста  ба роҳҳои баланд бардоштани маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани обу замин ва гирифтани 3-4 ҳосил, бунёди боғу токзорҳои нав, парвариши чорвои зотии ширию гӯштӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир дар кишти пахта бо усули зери плёнка, интихоби тухмиҳои хушсифат ва ғайра маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Дар чорабинӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили фаровон ҳамкории доимии кишоварзон бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.

Субҳониддини МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: