Ба «Садои мардум» ҷавоб омад
«Меваҳои шаҳдбору шифобахш талаф меёбанд, чаро?»
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Меваҳои шаҳдбору шифобахш талаф меёбанд, чаро?»-ро, ки 21 июли соли 2025 дар рӯзномаи «Садои мардум» №90 (4986) нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Рушди соҳаи боғдорӣ барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии деҳот, ба ҷои кор таъмин кардани қувваҳои коргарӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат карда истодааст. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишварамон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Маҳз, қабули барномаҳо ба вусъати боғу токпарварӣ, баландшавии самаранокии иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои хурду калони коркард, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва баландшавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Дар ҷумҳурӣ масоҳати боғу токзор ба 208,3 ҳазор гектар расидааст, ки аз ин 171 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Аз ин 170 ҳазор гектар боғ ва 38 ҳазор гектарро токзор ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар соли 2025-ум 627 гектар боғу токзор, аз ҷумла 546 гектар боғ (аз ҷумла, 106 гектар боғи интенсивӣ) ва 81 гектар токзори нав бунёд намуда, барқароркунии боғҳоро дар масоҳати 2264 гектар ва токзорро 273 гектар ба анҷом расониданд.
Дар соли 2025-ум 954,3 ҳазор тонна меваҷот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 131300 тонна зиёд мебошад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 536 яхдон, сардхона ва анборхонаҳо мавҷуд мебошад, ки иқтидори ғунҷоишашон 220 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Дар соли 2025 дар баробари таъмини бозори истеъмолии мамлакат, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон бо таъсиси бренди миллии рақобатпазир ва баромадан ба бозорҳои муътамади ҷаҳонӣ мавқеи хосро касб кардааст. Ин иқдом на танҳо боиси афзоиши арзиши иловашуда гардид, балки рушди устувори «сабз»-ро дар минтақаҳои кишоварзии кишвар тақвият бахшид. Дар давраи зикршуда аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 190,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 млн. доллари ИМА содир гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш аз рӯи вазн 13,5 фоиз (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7 фоиз (22,5 млн. доллар) афзуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки содироти мева 50635 тонна (афзоиш 32,8 %) ва ангур 32161 тонна ё афзоиш 35,2 фоизро ташкил дод. Инчунин, содироти меваи хушк ба 104,1 ҳазор тонна (афзоиш 15,6 %) ва чормағзмеваҳо ба 3636 тонна (афзоиш - 5,6 %) расид.
Ҳоло рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҳалли ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, хусусан дар деҳот, саҳми бориз дорад. Шароити агроиқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди боғу токзор ва гирифтани ҳосили баланд мувофиқ мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кӯшиш доранд, ки соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарвариро бо истифода аз технологияҳои нави пешрафта, бо роҳи бунёди боғҳои интенсивӣ пурмаҳсул ба роҳ монанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз боғу токпарварон ва дорандагони сардхонаву анборхонаҳо оид ба талафоти мева ба вазорат муроҷиат накардаанд.
Вазорат бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ҷиҳати бунёду барқарорсозии боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкили нуқтаҳои фурӯши ниҳолҳо, башаклдарории боғот ва гузаронидани корҳои агрокимиёвӣ, расонидани кумак ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи меваҳо ва содироти он кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Нуралӣ АСОЗОДА,
муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
