Муҳокимаи парлумонӣ
Татбиқи барномаи рушди телевизион ва радио идома дорад
29-уми январи соли 2026 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшо Гулзода оид ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбарияти АМИТ «Ховар», намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Нахуст, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, қабул ва амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» имкони мусоиде барои харидорӣ ва дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ фароҳам овард.
Дар ин доира имкониятҳои техникӣ ба таври назаррас беҳтар гардида, мушкилоти ҷойдошта дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ то ҷое бартараф шуданд ва ин дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд гардидани муҳтаво ва сифати пахши барномаҳо нақши муҳим бозид.
- Дар давраи татбиқи барнома барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ, дронҳо, компютерҳои пуриқтидор барои танзими барномаҳои телевизионӣ, дастгоҳҳои муосири равшанидиҳанда, серверҳо барои нигоҳдории маводи видеоӣ ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ харидорӣ гардиданд.
«Телевизиони Тоҷикистон» соҳиби студияи муосири виртуалӣ гардид, ки дорои дастгоҳҳои муосири идорашавандаи фосилавӣ буда, айни замон дар сабти барномаҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Масъалаи ҳалталаби дигар гузоштани саҳна барои сабти барномаҳои фарҳангӣ берун аз шароити студияҳои телевизионӣ ба ҳисоб мерафт, ки ин мушкилот низ ҳалли худро ёфт. Таҷҳизоти муосир бо саҳна (ферма) ва дигар имконоти техникӣ дастрас гардид, ки акнун дар дилхоҳ макон метавон аз ин имконият барои сабти барномаҳо истифода бурд,- зикр кард номбурда ва, ҳамчунин, афзуд, ки дар студияи «Телевизиони Тоҷикистон» ЛЕД-монитори калонҳаҷм дар шакли нимдавра васл гардида, шароитро барои ивази ороиши саҳна ва таъмини рангорангии барномаҳо ҳангоми сабт фароҳам овард. Тавассути шабакаи мазкур лоиҳаи нави телевизионии «Шабоҳанг» бо мақсади фароғати тамошобинон роҳандозӣ гардид, ки ороиши саҳнаи он бо истифода аз муосиртарин имкониятҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки барои «Телевизиони Тоҷикистон» маҷмуи дастгоҳҳои равшанидиҳанда бо мақсади сабтҳои студиявӣ ва беруна, таҷҳизоти муосири наворбардорӣ имкони сабт дар формати 4К дошта, инчунин, таҷҳизоти пуриқтидор барои бандубасти барномаҳои телевизионӣ дастрас гардиданд, ки ин дастгирӣ шароитро барои таъмини фаврият ва рангорангии барномаҳо боз ҳам беҳтар намуд.
Ҳамчунин, харидорӣ ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизот фаъолияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои онро низ беҳтар намуда, 11 номгӯйи таҷҳизот, аз ҷумла дастгоҳҳои сабт ва тақвияти овоз, сервери нигоҳдории барномаҳо ва дигар таҷҳизоте, ки дар доираи барнома харидорӣ гардидаанд, кори шабакаҳои радиоро босифаттар намуданд. Барнома имкон фароҳам овард, ки мушкилоти ҷойдошта дар шабакаҳои телевизионии минтақавӣ низ ҳаллу фасл гарданд. Бо амалишавии бандҳои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, дар маҷмуъ, соҳиби 17 номгӯйи таҷҳизот гардидааст. Инчунин, дар аввали соли 2025 телевизиони «Бадахшон» ба пахши дақиқияташ баланд - HD гузаштааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи барнома дастгоҳи марказии пахши барномаҳои ин шабака пурра иваз карда шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои сабти барномаҳо тибқи талаботи формати дақиқияташ баланд дастгоҳҳои сабт, таҷҳизот барои бандубасти барномаҳо низ дастрас гардидаанд.
- Натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ нишон медиҳанд, ки «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио барои солҳои 2021-2025» муваффақона амалӣ гардида, ба рушди муҳтавои босифат, таҳкими захираҳои инсонӣ ва навсозии инфрасохтори техникӣ мусоидат намудааст. Сатҳи касбии кадрҳо боло рафта, пойгоҳи моддӣ-техникӣ тақвият ёфт ва муҳтавои барномаҳо мутобиқ ба талаботи замон такмил дода шуд,- таъкид кард Носир Саидзода.
Тибқи иттилои ӯ, нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», дар маҷмуъ, ҳудуди 90 фоиз татбиқ гардида, вобаста ба таъмини иҷрои пурраи он амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Дар муҳокимаи парламентӣ, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Шуҳрат Ғанизода, Сурайё Дӯстмуродзода, Ҳусния Исҳоқӣ, Зарафо Қиёмзода, Сиёвуш Наботзода, Нигина Шарифзода, Барно Саидвализода, Парвиз Шодизода ва Шарифҷон Ҳакимзода ба масъулин саволҳо дода, ҳамчунин, барои беҳтар кардани сифати барномаҳои радиову телевизионӣ фикрҳояшонро баён карданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшо Гулзода таъкид кард, ки рушди устувори телевизион ва радио бе такмили мунтазами қонунгузорӣ, мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии воситаҳои ахбори омма ғайриимкон мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат Кумитаи телевизион ва радио метавонад рисолати худро ҳамчун ниҳоди масъул дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ба таври зарурӣ иҷро намояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои муҳокимаи парламентӣ, тавсияҳо ва пешниҳодҳои судманд дар роҳандозии тадбирҳои судманди такмили ҷанбаъҳои асосии соҳаи телевизион ва радио ҳадафмандона истифода мегарданд.
Бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
