https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Исфандиёри САЪДУЛЛО сабаби паст будани интернети мобилиро шаҳр дод

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:14
0

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар назар аст, ки дар доираи ин стратегия сатҳи воридшавии интернети фарох, баланд бардоштани интернети собит, суръати миёнаи интернети мобилӣ, ҳиссаи фарогирии роҳҳои автомобилгард бо алоқаи мобилии 4G ва 5G то 100 фоиз расонида шавад, - иброз дошт сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло   28-уми январи соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои сардори хадамот, дар доираи ин стратегия Тоҷикистон то соли 2027 ба интернети 4G ва то соли 2030 ба интернети 5G 100 фоиз пайваст мешавад.

- Баъд аз қабули ин стратегия умед дорем, ки он нияту натиҷаҳоеро, ки мо интизор ҳастем барои баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи алоқа, ба даст меорем, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.

Яке аз омилҳои айни ҳол паст будани сифати интернети мобилӣ дар мамлакат дар панҷ соли охир 10 баробар (аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт) зиёд гардидани талабот ба интернет арзёбӣ гардид.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: