Аз нишастҳои матбуотӣ
Парвариши зиёда аз 2,3 млн. моҳича дар обанборҳои кишвар
- Дар кишвар бо мақсади зиёд намудани зохираҳои моҳӣ дар экосистемаҳои обӣ дар обанборҳои «Баҳри Норак» ва «Сарбанд» зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор моҳичаи намудҳои зағормоҳӣ, пешонапаҳн ва амури сафед сар дода шуд. Парвариши ин намуди моҳиҳо таҳти назорати кумита буда, умед дорем, ки натиҷаи хуб хоҳад дод, - иброз дошт Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо ворид намудани 243 намуди ҳайвонот ва 304 намуди набототи нодири кишвар такмил дода, нашри сеюми онро аз чоп баровард. Ин китоб дар ду ҷилд таҳия шуда, бо аксҳои ҳайвоноту наботот ороиш дода шудааст.
- Дар назар аст, ки ҳарчӣ зудтар ин китоб ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо дастрас шавад, - гуфт Баҳодур Шерализода.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
