https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Истихроҷи нафт афзудааст

№:12 (5064), 03 фев 2026, 11:25
0

Соли 2025 дар ҷумҳурӣ   истихроҷи нафт 18 546 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 2409 тонна ё 15 фоиз зиёд мебошад. Истихроҷи гази табиӣ бошад, 247 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба соли пешин 115 ҳазор м3 ё 31, 8 %  кам аст. Дар ин бора 29-уми январи соли равон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

- Барои боз ҳам вусъат додани фаъолият дар соҳаи нафту газ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати амалиёти ФҶХММ «СиЭнПисСи Сентрал эйжа Б.В.» дар самти ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва кашфи конҳои нафту газ ба роҳ мондааст. Айни замон аз ҷониби ширкати номбурда тибқи корҳои омӯзиши геологӣ-геофизикӣ бо усули сейсмоиктишофӣ дар минтақаи иҷозатномавӣ дар ҳаҷми 1 017 км мураббаъ идома дорад, - гуфт вазир.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: