https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳоро зиёд карданд

№:13 (5065), 04 фев 2026, 18:13
0

Ширкати ҳавопаймои «Флай Дубай» шурӯъ аз 3-юми сентябари соли 2025 шумораи парвозҳои худро ба ҳафт парвоз дар як ҳафта, яъне ҳамарӯза ба роҳ мондааст, ки қаблан мусофирон ин имкониятро надоштанд.

Дар ин хусус 28-уми январи соли 2026 зимни нишасти хабарӣ Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ҳамзамон, Ҳ. Назарзода илова намуд, ки як ширкати ҳавопаймоии туркии «Туркиш Эйрлайнз» ба нақша гирифтааст, ки шурӯъ аз 1-уми феврали соли 2026 шумораи парвозҳои худро ҳамарӯза ба роҳ монад. Ширкати дигари ин кишвар «Пегасус Эйрлайнз» аз 4-уми феврали соли равон дар хатсайри Истамбул-Душанбе-Истамбул дар як ҳафта се парвоз ба роҳ мемонад.

- Ҳадаф аз зиёд кардани парвозҳо дар он аст, ки талабот ба ин хатсайрҳо афзоиш ёфтааст, - афзуд директори агентӣ. 

Зикр гардид, ки дар соли 2025 шумораи умумии хатсайр­ҳои хизматрасонишуда 8821 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбати соли пешин 603 адад ё 7,3 фоиз зиёд аст.

Н. МУРОДБЕКОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: