Аз нишастҳои матбуотӣ
КОА аз чӣ нигарон аст?
Дар нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раиси он Сайфиддин Давлатзода дар бобати такроршавӣ ва монандиҳои мавзуъҳо ва то андозае аз мадди назар дур мондани масъалаҳои муҳим, аз ҷумла моҳияти мафкурасозӣ, терроризму экстремизм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ, ҷанбаҳои марбут ба зеҳни сунъӣ ва ғайра пурсон шудем.
Ӯ иброз намуд, ки роҳбарияти комиссия низ аз паст будани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, норасоии кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, баҳогузории нокифояи муқарризони расмӣ, муассисаҳои пешбар, мувофиқ набудани мавзуъҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ ба талаботи замон ва арзишҳои миллию давлатӣ нигарон аст. Биноан, тасмим гирифта шудааст, ки ҷиҳати пешгирии такроршавӣ ва монандиҳои мавзуъҳо пеш аз тасдиқ дар кафедра ва шуъбаҳои марбута аз махзани ягонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
Зимни посух ба саволи дигари корманди рӯзнома вобаста ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, аз ҷумла зикр шуд, ки комиссия аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 114 шурои диссертатсиониро таъсис дода, дархостҳо аз рӯйи 210 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) баррасӣ мешаванд.
Маълум гардид, ки соли гузашта таъсиси шурои диссертатсионӣ тамоюли афзоиш касб карда, дар қиёс ба соли пеш 23 шуро зиёд шудааст.
Сайфиддин Давлатзода аз мавҷудияти 17 шурои ихтисосҳои нодир ёдовар шуда, дар оянда тавсеа бахшидани фаъолият дар ин самтро муҳим арзёбӣ намуд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
