https://sadoimardum.tj

Таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон

№:65 (4961), 23 май 2025, 15:51
11

21-уми майи соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи вакилони аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаи ҳизб ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории кишвар азми қавӣ доранд.

Таъкид гардид, ки мақоми ҳуқуқии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 52-53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», банд­ҳои 105-106 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 8 ва 58 Оинномаи ҲХДТ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ муайян шудааст. Зарурати таъсиси фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъо­лияти дастҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, инчунин, амалигардонии барномаи пеш­азинтихоботӣ ва ҳадафҳои ҳизб арзёбӣ шуд.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои ҷаласа фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, вакилон - аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф раис, Матробиён Саодатшо ва Аҳмадзода Дилноза муовинони раис ва Иброҳимзода Неъматулло котиби фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки фраксия вакилонро аз ҳавзаҳои ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва якмандатӣ муттаҳид менамояд. Фраксияи ҲХДТ аз 42 вакил таркиб ёфтааст.

Ҳамчунин дигар маводҳо: