Сафари вакилони Маҷлиси намояндагон ба ИМА
Як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иштирок дар Барномаи табодули Дафтари Конгресси ИМА оид ба роҳбарии байналмилалӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд.
Барнома ба омӯзиши таҷрибаи роҳбарӣ ва идоракунӣ, инчунин, шиносоӣ бо фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ИМА равона гардида, то 12 феврали соли 2026 идома хоҳад ёфт. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Конгресси ИМА бо ҳадафи тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории амалӣ байни кишварҳои шарик роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи барнома вакилони парламентҳо имкон пайдо мекунанд, ки бо қонунгузорони ИМА мулоқот намуда, бо сохтор, ваколат ва таҷрибаи амалии раванди қонунгузорӣ, аз ҷумла тартиби таҳия ва қабули қонунҳо дар ИМА, шинос шаванд ва робитаҳои касбиро бо ҳамтоёни худ тақвият бахшанд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
