https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор шудани 1 млн. 228546 кг маҳсулоти пастсифати ғизоӣ

№:18 (5070), 16 фев 2026, 16:37
0

Соли 2025 соҳибкорони ҷумҳурӣ 585 тонна маҳсулотро бинобар гузаштани муҳлати истеъмол ба Агентии «Тоҷикстандарт» супоридаанд.

Тавре муовини якуми директори агентӣ Раҳмоншо Мирзоён иттилоъ дод, соли гузашта 1 228 546 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ошкор шудааст, ки аз ин 18 896 кг маҳсулоти гӯштӣ, 104 258 кг равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3159 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1939 кг консерва, 166 470 кг намак, 4323 кг меваи хушк, 6405 кг чой, какао, 51 915 кг орд, 255 153 кг маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот мебошанд, ки қисми зиёдашон воридотианд. Ошкоршавии чунин маҳсулот соли 2024-ум 1 011 801 килограммро ташкил медод. 

Дар давраи ҳисоботӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ тавсеа ёфта, дар натиҷа ворид­шавии дархост аз ҷониби соҳибкорон барои нобудсозии маҳсулот афзудааст. Соҳибкорон 585 635 кг маҳсулоти гуногуни хӯроквориро, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштааст, ба агентӣ супоридаанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: