Лимӯпарварӣ
ЧАРО ИСТЕҲСОЛ ЗИЁДУ НАРХ ГАРОН?
Имсол нархи лимӯ дар бозорҳои кишвар то 40 сомонӣ баланд гардид. Ин андеша аввал зеҳни бозоргону бозор ва баъдан истеъмолкунандаҳоро машғул кард. Вале он ба зеҳни масъулини соҳаи кишоварзӣ ва ниҳодҳои марбут ба назорати нарх печида бошад ё не, ягон садое нест. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2020 нархи ин намуди ситрусӣ 4-5 сомониро ташкил медод ва истеъмолкунандагон онро осон дастрас мекарданд.
Кишоварзони ҷумҳурӣ тибқи татбиқи барномаҳои инноватсионӣ майдони парвариши лимӯро ба 600 гектар расониданд, ки 207 гектарашро гармхонаҳои нав ташкил дода, соле 12 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол мекунанд. Гарчанде лимӯ дар хоҷагиҳо бо гармидиҳии иловагӣ парвариш карда мешавад, ба андешаи олимони тоҷик Турсунбой Ахмедов ва Сайдалӣ Гулов, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла водиҳои Вахшу Ҳисор ва ноҳияи Данғара, онро бе гармкунии иловагӣ парвариш кардан мумкин аст, чунки шароити иқлими ин минтақаҳо барои усули хандақии парвариш имкон медиҳад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ба истиснои баъзе ноҳияҳои сардтабиат дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ имкони парвариши лимӯ мавҷуд аст ва аз ҳар як гектар то 30 тонна ҳосил гирифтан имкон дорад. Он гоҳ истеҳсоли солонаи лимӯ аз 12 ба 20 ҳазор тонна мерасад.
Рушди бемайлони лимӯпарварӣ метавонад садди баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва аз ҳама муҳим, мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат гардад. Ҳосилнокии ниҳоии лимӯ метавонад нархи дигар маҳсулоти мевагии бозорро ҷуброн кунад. Бояд зикр кард, ки самараи иқтисодии даҳ гектар боғи обӣ ба қадри ҳосилнокии як гектар лимӯ баробар намешавад.
Барои он ки лимӯпарварӣ ба таври назаррас рушд ёбад ва талаботи истеъмолкунандагон қонеъ гардад, омилҳои таъсиррасонеро роҳандозӣ кардан лозим, ки ба нарх ва рушди самараноки он мусоидат кунад. Дар ин замина, аввалан, зарур аст барномаи нави давлатии рушди ситруспарварӣ қабул карда шавад.
Омилҳои дигари таъсиркунанда ба ҳосилнокии лимӯ зиёданд. Бояд содироти лимӯ ба танзим оварда шавад, чунки он омили дигари болоравии нарх дар бозорҳои кишвар мебошад. Албатта, содирот муҳим аст, аммо дар баробари ин, бояд дар фикри яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳам бошем.
Лимӯи тоҷик беназир аст. Он аз ҷиҳати экологӣ, бӯи хуш ва тамъи лазиз аз лимӯи дигар кишварҳо фарқ мекунад. Бинобар ин, дар бозори хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Ин сабаби аз ҷумҳурӣ «баромада рафтан»-и он мегардад. Ҳол он ки бояд аввал талаботи бозори дохилӣ қонеъ карда шавад.
Воқеан, аз таҷриба ва имкониятҳо истифода бурдан ҳам ҳунар аст ва аз роҳи осон даромади калон гирифтан ин қонуни аввали иқтисоди бозоргонӣ мебошад, ки онро дар доираи имконияту манфиатҳо дар дилхоҳ ноҳияи мусоид бояд рушд дод. Дар саргаҳи ин соҳа масъулин, олимону мутахассисоне истодаанд, ки имрӯз чашми мардум ба онҳост. Мо бояд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки онро ҳадафи стратегӣ унвон кардаем, монеа эҷод накунем.
Ин шуғл метавонад ду - се фоиз захираҳои меҳнатиро дар деҳот фаро гирад. Масалан, дар соли сеюми парвариш дар хоҷагии деҳқонии «Ҳабибҷон»-и ноҳияи Кӯшониён соҳибкор Музаффар Набиев аз 0,20 га, ки дар он 332 ниҳол парвариш меёбад, 12 тонна лимӯ ба даст овард. Ин ҳосил ба ҳар як ниҳол 36,1-килограммӣ рост меояд.
Соли 1974 Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои ҷумҳурӣ дар таҷрибаи истеҳсолӣ парвариши 70 ниҳоли лимӯро дар шароити рӯизаминӣ ба роҳ монд, ки дар соли 5-уми парвариш мутаносибан аз ҳар ниҳол 25,6 кг ва дар соли шашум 45-килограммӣ ҳосил гирифтанд. Олимон муътақиданд, ки ин рақам ҳадди ниҳоӣ нест. Ин дар ҳоле буд, ки технологияи парвариши лимӯ дар Тоҷикистон нав инкишоф меёфт.
Бояд, зикр кард, ки ҳоло лимӯ дар минтақаҳое истеҳсол шуда истодааст, ки замоне комилан тасаввурнопазир буд. Барои мисол, дар мавзеи Қаратоғ ва ноҳияи Дарвоз ба гирифтани ҳосили ниҳоӣ аз ин навъи маҳсулот ноил гардиданд. Дар дилхоҳ майдони ғайрикишоварзӣ парвариши онро ба роҳ мондан мумкин аст. Ин фақат завқу масъулиятро тақозо мекунаду халос. Сохтмони лимӯхонаҳо, дарвоқеъ, хароҷоти зиёд талаб мекунад, вале таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии лимӯ қодир аст дар муҳлати кӯтоҳ ин хароҷотро ҷуброн созад.
Таҷриба собит месозад, ки ягона роҳи бозори истеъмолиро бо лимӯ қонеъ гардондан танҳо тавсеаи майдони парвариши истеҳсоли лимӯ не, балки маҳсулнокиро аз ҳисоби ҳосилнокии дарахтони лимӯ баланд бардоштан аст, хоса лимӯи навъи «мейер», ки пурмаҳсултарин навъ маҳсуб мешавад. Соҳибкороне, ки лимӯхона бунёд мекунанд, хуб мешуд ниҳолҳои 3-солаи лимӯро парвариш кунанд. Дар сурати шинондани ниҳоли сесола он як сол баъд самара медиҳад, ки як қисми хароҷоти бунёди гармхонаро мепӯшонад.
Дар иқлими Тоҷикистон барои нашъунамои муътадил ва гирифтани ҳосили баланду хушсифат, пеш аз ҳама, дарахти лимӯро аз хунукиҳои зимистон беосеб баровардан лозим аст. Лимӯ ба ҳарорат, рӯшноӣ, намнокӣ, агротехникаи баланд, нигоҳубини ниҳоли он ва муҳофизат аз зараррасонҳо эҳтиёҷ дорад.
Инсон зиёда аз 80 унсури кимиёвии барои организм зарурро ба воситаи меваҳо мегирад. Мувофиқи талаботи Ташкилоти байналмилалии саломатӣ, меъёри физиологии солонаи меваю ангур барои як шахс бо иловаи меваҳои хушк 100-120 килограммро ташкил медиҳад ва, бечунучаро, лимӯ ба ин меъёр шомил аст.
Ситрусиҳо аз рӯи хусусиятҳои табобатӣ аз дигар меваҳо бартарӣ доранд. Онҳо манбаи қанд, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои пектинӣ, равғани эфир, инчунин, моддаҳои минералӣ - оҳан, мис, калсий, калий, фосфор ва витаминҳои барои организми инсон зарур мебошанд. Илми тиб муайян кардааст, ки бо хӯрок якҷо истеъмол намудани меваҳои ситрусӣ организмро аз як қатор касалиҳо ҳифз менамояд. Абуалӣ ибни Сино шарбати меваи лимӯро барои табобати бемориҳои сактаи дил, зардпарвин, қайкунӣ, доғи пӯсти рӯй, шукуфа, бемориҳои шуш, меъда, сулфа ва равғани аз тухми он тайёршударо барои бемориҳои асаб, равғани аз пӯсти меваи лимӯ гирифташударо барои табобати фалаҷ тавсия намудааст. Олими рус С. М. Жук (2010) усули аз меваи лимӯ тайёр кардани доруҳоро барои табобати бемориҳои ангина, атеросклероз, бехобӣ, бронхит, бурсит, гайморит, гастрит, гепатит, гипертония, гипотония, дарди cap, зуком, дерматит, бемориҳои санги талха, ларенгит, невралгия, неврастения, нефрит, фарбеҳӣ, отит, пневмония, ниқрис ва диабети қанд нишон додааст. Лимӯ на танҳо дар дорусозӣ, балки дар саноати хӯрокворӣ барои хуштамъу хушбӯй гардонидани анвои ғизоӣ васеъ истифода мешавад.
Агар олимони соҳаи кишоварзӣ, ончунон ки хосияти шифобахшии лимӯ диққати олимони соҳаи тибро ҷалб намудааст, таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, он гоҳ парвариши лимӯ густариш ёфта, дар бозори истеъмолӣ ба як меваи муқаррарӣ табдил меёфт. Тоҷикистон ватани меваҳои ситрусист ва бояд аз ин имкон васеъ истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт, чунки мо барои зиндагии фардоиён кафилем.
Назрулло АМИРОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
