Аз нишастҳои матбуотӣ
Истеҳсоли 111023 тонна картошкаи хушсифат дар Лахш
Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, 30-юми январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла сармояҳои дохилӣ ва мустақим, дар самти бунёд намудани бинову иншооти гуногун 38,8 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки нисбати соли 2024-ум 29,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 38,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, нисбати соли 2024-ум 30 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия соли 2025-ум 111023 тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуда, қисми зиёди онро ба шаҳру навоҳии мамлакат содирот карданд. Ҳамчунин, ноҳияи Лахш дар таъмини кишоварзони минтақаи Рашт бо картошкаи тухмӣ саҳми арзанда дорад. Имрӯзҳо дар ноҳия 230 трактор ва мошинолоти коркарди картошка омодааст ва дар фасли баҳор кишти картошка сари вақт анҷом дода мешавад.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
