Аз нишастҳои матбуотӣ
Бунёди 38 гектар боғи нав дар Ш. Шоҳин
Соли 2025 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 38 гектар боғи нав бунёд гардидааст, аз ҷумла, 23 гектар себ, 5 гектар нок, 3 гектар зардолу, 1 гектар гелос, 2 гектар чормағз, 2 гектар анор ва 2 гектар бодом. Дар ин бора 9-уми феврали соли 2026 зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси ноҳия Насимҷон Ғоибзода иттилоъ дода афзуд, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 750 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати соли пешин 75,7 млн. сомонӣ зиёд ва баробар 111 фоизи нақша аст.
Аз ноҳия 915 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Вобаста ба таъмини сокинон бо шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кор Н. Ғоибзода иттилоъ дод, ки соли сипаришуда як қатор чораҳои таъсирбахш андешида шуда, 849 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Бештари ҷойҳои кори нав ба соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва савдо рост меояд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
