https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Бо дастовардҳои арзанда ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар Турсунзода

№:18 (5070), 16 фев 2026, 16:44
0

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии ­Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 459 иншооти ҷашнӣ то имрӯз 423 иншоот бо маблағи 661,1 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинону соҳибкорон соли 2025 дар ҳудуди шаҳр 74,6 км роҳҳо мумфарш ва 30,4 км роҳҳо бетонпӯш гардиданд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз намуд.

Мавсуф гуфт, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта, дар соли 2025 ба маблағи ду миллиарду 587,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли пешин 258,9 миллион сомонӣ зиёд аст.

- Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ду миллиарду 63 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбати соли 2024-ум 234,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 8 корхона зиёд аст, - афзуд раиси шаҳр.

Субҳониддини МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: