Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДМТ
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар донишгоҳ барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр иҷозатнома дода шуд.
Бино ба гуфти ӯ, ихтисосҳои нав аз моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа ва таъмини ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия иборат буда, замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд.
- Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ соли 2025 факултети стоматология кушода шуд. Ифтитоҳи ин факултет барои омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи стоматология ва қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба таъсиси факултети нав дар заминаи кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 2 кафедраи нав - кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй таъсис дода шуданд, - афзуд ректори донишгоҳ.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
