ВМКБ ба ҷашни фархунда ҳамаҷониба омода мешавад
Соли равон дар ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 2,5 МВт, 10 неругоҳи хурди барқи обӣ бо тавоноии 645 кВт ва як неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 кВт сохта мешаванд.
Дар ин бора Алишер Мирзонабот, раиси вилоят, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода афзуд, ки дар заминаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи роҳи Қалаихумб - Ванҷ то дарвозаи Рӯшон, ҳоло сохтмони як нақб бо дарозии 1,8 км, се пули мошингузар, панҷ долони зиддитармавӣ бомаром идома дорад.
- Хушбахтона, мумфарш намудани роҳи мошингард то маркази ноҳияи Ванҷ дар масофаи 18 км аллакай ба итмом расида, феълан навсозии чунин роҳ то деҳоти Язгулом давом дорад. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, эълон шудани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ва дар доираи «Солҳои рушди саноат» соли равон дар вилоят зиёда аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад, ки 40 адади он корхонаи саноатӣ мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят омодагӣ ба ҷашни фархундаву таърихӣ ҳамаҷониба ва бомаром идома дорад, - гуфт Алишер Мирзонабот.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
