https://sadoimardum.tj

Ду консепсияи муҳим омода шуд

№:20 (5072), 19 фев 2026, 16:00
0

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» иттилоъ дод, ки аз ҷониби олимони АМИТ ҳам консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ  ва ҳам консепсияи Маркази байналмилалии Наврӯз аллакай омода шуда, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор доранд.

- Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ дар маркази Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб шудани мо, тоҷикон, мебошад. Ташкили ин марказ имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад.

Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем. Ҳамчунин, Конуни тамаддуни ориёӣ имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд.

Ҳадафи меҳварии ин дастури Роҳбари давлат, агар аз як ҷониб, муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар, ҳарчӣ бештар фарогир кардани таҳқиқоту пажуҳишҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо мебошад, - таъкид намуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: