Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол
Бароям мояи ифтихору фараҳмандист, ки тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонону наврасон, варзишгарон, ҳаводорону мухлисони футбол, инчунин кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику муборакбод намоям.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки маҳз бо пешниҳоди роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 7 майи соли 2024 қатъномаи махсуси худро оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кардани 25 май қабул кард.
Ин рӯйдоди таърихӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии комил ёфта, василаи муттаҳидсозандаи мухлисону дӯстдорони ин намуди варзиши маъмултарини дунё гардид.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатии Ҳукумати мамлакат ва тадбирҳои ҳадафманди Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳои охир футболи миллӣ бесобиқа рушд ёфта, мавқеи дастаҳои миллии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият меёбад.
Итминони комил дорем, ки иштироки бевоситаи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба рушди минбаъдаи футболи тоҷик замина хоҳад гузошт.
Бо умеди муваффақияту пирӯзиҳои оянда, бори дигар кулли ҳамватанони азизамро бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хушбахтӣ ва иқболи нек орзумандам.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак!
Ҳамчунин дигар маводҳо:




