Муассисаи таълимӣ ба номи фидоии Ватан гузошта шуд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қадршиносӣ ва абадигардонии хотири фарзандони ҷоннисор ва фидоии Ватан муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №150-и деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ба номи шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Бутаев Олимҷон Қурбоналиевич гузошта шуд.
Дар арафаи таҷлили 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шаҳидони роҳи Ватан дар муассисаи мазкур чорабинии тантанавӣ низ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҷасорати ватандӯстонаи ин ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, сухан гуфта, руҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Таъкид шуд, ки Олимҷон Бутаев фарзанди ҷонфидо, ватандӯст ва ифтихори ҳар яки мост.
Ёдовар мешавем, ки фидоии роҳи озодии Ватан, ҷавони шуҷоъ ва фарзанди далери миллат Олимҷон Бутаев 16-уми ноябри соли 2002 дар деҳаи Мачитони деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардид. 16-уми сентябри соли 2022, зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан сина сипар намуда, қаҳрамонона ҳалок шуд.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
