https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар ҳамоиши марбут ба ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ

23 май 2025, 15:00
12

23-юми майи соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон машварати бисёрҷониба ва нахустин муколама оид ба иқтисодиёти даврии платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, Фирдавс Саидзода ва Ғайрат  Азиззода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муколамаи мазкур моҳияти иқтисодӣ ва стратегӣ дошта, барои   рушди қонунгузорӣ низ  мусоидат менамояд.

Маводи ҳамоиш аз дастуру маслиҳатҳои гуногуни техникӣ ва илмӣ иборат буда, лоиҳаҳои иқтисодиёти даврии платформаи ҳамкории парлумонии Осиёи Марказиро дар бар мегиранд.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум» 

Ҳамчунин дигар маводҳо: