https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи артиши миллӣ

№:22 (5074), 23 фев 2026, 16:34
0

Бисту сеюми феврали соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши идона баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода аз таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки  дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкили Артиши миллӣ дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол мебошад. Дар қатори дигар омилҳо, маҳз, тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

- Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақш ва саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии рукнҳои асосии давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди бемайлони тамоми соҳаҳо, боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва, дар ин радиф, таъсиси Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад, миқёсан бузург аст, - таъкид намуд Файзалӣ Идизода.

Зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ саҳми бориз доранд. Тайи ин солҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва сарварии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба халқу Ватан ва давлат борҳо собит сохтаанд. Махсусан, дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ - давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон таҳдид мекард, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуданд.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд ва яке аз рукнҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон табдил ёфта, кафили ҳифзи сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҳамоиши идона, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон Парвиз Шодизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шуҳрат Аҳрорзода оид ба роҳи тайнамудаи Артиши миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар поёни ҳамоиш як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо медалу ифтихорномаҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ қадрдонӣ шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: