ҲУШДОР!
АХБОРИ БАРДУРӮҒРО НАБОЯД ПАҲН КАРД!
Дирӯз (24 феврали соли 2026) тавассути паёмрасонҳои интернетии шабакаҳои иҷтимоӣ аз манбаи номаълуме вобаста ба «қатъ гардидани таъминоти об дар шаҳр» паёмак паҳн гардид. Ин хабари ҷаълӣ барқосо аз даст ба даст гузашта, дар як муддати кутоҳ миёни мардум паҳн гардид ва боиси ташвишу изтироби бархе аз сокинон гашт. Ҳатто бисёриҳо ба ин овозаи дурӯғ бовар намуда, дар хонаҳои худ ҳаҷми зиёди об ҳам захира кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳолатҳои воқеии қатъ гардидани хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла таъминоти об, аҳолӣ тавассути ВАО ва сомонаҳои расмӣ ҳамеша як ё ду ҳафта қабл огоҳ карда мешаванд.
Дар назари аввал ин гуна паёмакҳои бардурӯғ шояд як гапи оддӣ ва шӯхӣ намояд. Аммо агар онро бо дурбини амнияти иттилоотӣ бингарем, як навъ усули «ҷанги иттилоотӣ» ба назар расида, аз эҳтимол дур нест, ки манфиатхоҳони иғвогар ҳолати равониву зудбоварии сокинон ва суръати паҳншавии ахборро тавассути шабакаҳои паёмрасон (мессенҷерҳо) месанҷанд. Он ҳам дар моҳи Рамазон, ки бо шунидани ахбороти бардурӯғ мардуми оддӣ ба эҳсосот дода мешаванд ва ин метавонад як навъ «тест» ҷиҳати муайянсозии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа низ бошад.
Ҳамчунин иттилооти сохтаву дорои ангезаҳои ғаразноку ифротӣ, ки манбаи расмӣ ва мушаххас надоранд, солҳои охир дар фазои маҷозӣ бештар шуда истодааст, ки, албатта, боиси нигаронӣ мебошад.
Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки чун ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва чунин хабарҳоро танҳо бо манбаъҳои расмӣ бисанҷанд ва дар ҳолати носаҳеҳӣ онро паҳн накунанд. Чунки баъзан ин гуна хабарҳои дар назари аввал «оддӣ ва содаву хандаовар»-ро гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳамчун як навъ «санҷиш» истифода бурда, оянда метавонанд хабарҳои сиёсӣ ё фитнаангезро бо ҳадафи ноором сохтани ҷомеа истифода намоянд.
Ориф Ёдгорӣ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
