https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

11553 қарздор дар «рӯйхати сиёҳ»-и Хадамот

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:43
0

Ҳоло номи 27 ҳазору 703 нафар дар феҳристи қарздорони Хадамоти иҷро қарор доштааст, ки ҳуқуқи аз ҳудуди кишвар берун баромаданро надоранд. Аз ин теъдод танҳо дар соли гузашта 11 ҳазору 553 нафар ба «рӯйхати сиёҳ»-и Хадамоти иҷро ворид шудаанд.

Дар ин бобат сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки ин теъдод нисбат ба соли 2024-ум 7 ҳазору 579 нафар зиёд аст.

Ба гуфти манбаъ, маҳдуд шудани сафари қарздорон натиҷаи мусбат дода, соли 2025-ум 2 ҳазору 156 нафари онҳо 33 миллиону 18 ҳазору 575 сомонӣ, 108 ҳазору 560 доллар (беш аз 1 млн. 18 ҳазор сомонӣ) ва 1 ҳазору 736 рубли беларусӣ (беш аз 5600 сомонӣ) қарзи худро пардохт кардаанд. Ин рақам назар ба соли 2024-ум аз рӯи шумора 341 нафар ва аз ҳисоби маблағ 12 миллиону 109 ҳазору 393 сомонӣ, 74 ҳазору 316 доллар ва 1 ҳазору 736 рубли беларусӣ зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, ин қарзҳо аз ҳисоби напардохтани пули алимент, ҷаримаҳо, қарз ва ғайра ташаккул ёфтааст.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: