Аз нишастҳои матбуотӣ
Сокинони сангвор дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бештар гузоштанд
Кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Сокинони ноҳия ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар соли 2025 ғалладонагӣ 1030 тонна, сабзавот - 2803, картошка - 27227, мева - 2416, асал - 319 ва хӯроки чорво 44537 тонна истеҳсол намуданд.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия соли 2025 ба 461 миллиону 700 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 51 миллиону 581 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Иброз гардид, ки дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, соли 2025 идораи мазкур барои бо оби полезӣ таъмин намудани 580 гектар замин шартнома ба имзо расондааст.
С. МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
