https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Боздиди беш аз 37 ҳазор сайёҳ аз Норак

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:53
2

- Соли 2025 аз минтақаҳои сайёҳии шаҳри Норак 37 ҳазору 700 сайёҳ, аз ҷумла 27 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва 10 ҳазору 700 сайёҳи хориҷӣ, боздид намуданд, - гуфт раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ.

Мавсуф илова намуд, ки баҳри пешрафти соҳаи сайёҳӣ айни замон дар шаҳр се меҳмонхона, 29 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, 220 истироҳатгоҳ, панҷ тарабхона, як мағозаи фурӯши армуғонҳо, панҷ зиёратгоҳ ва як боғи фарҳангию фароғатӣ фаъолияти самаранок доранд. 

Раиси шаҳр дар идома иттилоъ дод, ки соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 2 миллиарду 427 миллиону 554 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли пешин 423 миллиону 347 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси бештари ҷойҳои нави кор соли гузашта як қатор чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Аз ҷумла, коргоҳҳои оби нӯшокӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, шабакаҳои мустаҳкамкунандаи панҷараи гирди сарҳадӣ бо рангу бор, ду коргоҳи хурди истеҳсоли хишти қирӣ, коргоҳи истеҳсоли мебел, фермаи истеҳсоли гӯшти мурғ ва 2 коргоҳи ҳунармандии меҳнати дастии хонагӣ бо таъсиси зиёда аз 160 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуданд. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: