Волоияти қонун кафили озодиҳои инсон аст
27-уми феврали соли 2026 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар Маҷлиси намояндагон оид ба таъмин ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дар ҷомеа, вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки таъмини қонуният, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Бе эҳтиром ва риояи ҳатмии қонун наметавон суботи устувор, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин намуд. Волоияти қонун кафолати адолат, баробарии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
- Таҳкими қонуният на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти муштараки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ вобаста ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба низоми қонунгузории кишвар пайвастагии зич дорад. Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиб мунтазам санадҳои қонунгузории кишвар такмил дода мешаванд,- таъкид намуд ӯ.
Зикр гардид, ки танҳо дар сурати фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мо метавонем фазои устувори ҳуқуқиро таъмин намоем.
Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода дар мавзуи «Таъмин ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дар ҷомеа» ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода оид ба вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон ва ҷавонон, суҳбат намуда, ба саволу дархости ҳозирин посух гуфтанд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки маҳз риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими назорати прокурорӣ заминаи устувори ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа мебошанд. Бе таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва бе пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонон, наметавон ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро бунёд намуд. Ҷавонон неруи пешбарандаи давлатанд ва тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои давлатӣ ва ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
