5-умин Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе»
17-уми марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, дар асоси қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми 5-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории форум тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, инчунин, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Интизор меравад, ки форум ба густариши ҳамкориҳои фарҳангию сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт мусоидат намояд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, олимону мутахассисони соҳа, меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар кори форум аз ҷониби мутахассисони соҳа ироаи маърӯзаҳо доир ба оинҳои наврӯзӣ, робитаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, муаррифии он ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ, нақши Ҷашни Наврӯз дар ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ва арзишҳои маърифатии умумибашарии он дар назар аст.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
