«Сайёраи замин: ҳамоҳангии инсон ва табиат»
Бо ҳамин унвон 22-23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия анҷумани байналмилалии экологӣ баргузор гардид.
Дар анҷумани мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок ва дар мавзуи «Идораи муттаҳидаи захираҳои об ҳамчун воситаи самаранок, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар мисоли Тоҷикистон» маърӯза намуд.
Рустам Латифзода иброз дошт, ки Тоҷикистон рӯзномаи обро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пеш мебарад ва худро ҳамчун ташаббускори эътирофшудаи равандҳои обу иқлими ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. «Кишвари мо дар ин самт як қатор ташаббусҳои калидӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро, ки бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст, ба миён гузошт, ки ҳадафи ин иқдомҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад. Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ягона, фарогир ва устувори байналмилалии об саҳми арзанда мегузорад ва пайваста ҷонибдори ҳамбастагӣ, шарикӣ ва роҳҳои ҳалли дарозмуддат дар соҳаи устувории об мебошад»,- таъкид намуд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рустам Латифзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки дар 50 соли охир майдони пиряхҳо дар Тоҷикистон тақрибан 30% коҳиш ёфта, ин раванд идома дорад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси зиёд шудани суръати обёрӣ ва хушкшавии минтақа мегардад.
Аз ҷониби дигар, аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ то соли 2030-юм 7 миллион нафар афзоиш меёбад, ки ин боиси афзоиши талабот ба об мегардад. Рушди иқтисодӣ низ талаботро ба об дар ҳама бахшҳо афзоиш медиҳад.
- Бо дарназардошти ин чолишҳо Тоҷикистон ислоҳоти бахши обро оғоз карда, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Дар самти рушди қонунгузорӣ ва меъёрӣ, пеш аз ҳама, Кодекси нави оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки барои идоракунии устувори ҳамгироии захираҳои об дар кишвар заминаи муосири ҳуқуқӣ гузошт.
Натиҷаи муҳими навбатӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт» буд, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ танзим намуда, инчунин, механизмҳои мониторинги сифат, дастрасӣ ва устувории обтаъминкуниро муқаррар менамояд.
Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар таҳрири нав қабул гардид. Мутобиқи муқаррароти Кодекси об ва қонуни таъмини оби нӯшокӣ 18 санади зерқонунӣ, ки ҷанбаҳои асосии танзими соҳаи обро дар бар мегиранд, қабул шуданд, - афзуд Р. Латифзода.
Анҷумани байналмилалии экологии Санкт-Петербург ба минбари мубоҳисаҳои пурсамар табдил ёфт, ки дар доираи он мавзуъҳои вобаста ба беҳдошти вазъи экологии сайёра мавриди муҳокима қарор гирифта, ба инкишофи муколамаи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба байни намояндагони ҳукуматҳо, доираҳои тиҷоратӣ, олимон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





