https://sadoimardum.tj

Дар пайравии кори зан

№:27 (5079), 06 мар 2026, 17:10
0

Нависандаи бузурги рус Максим Горкий занро чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт номидааст. Адибон дар ҳама давру замон дар ситоиши Зан-Модар беҳтарин ашъори худро бахшидаанд. Албатта, ин беҳуда нест, зеро бо ӯ дунё зиннати дигар дораду ҳаёт ширин аст. 

Бояд иқрор шуд, ки даврони пешин на ҳама ба қадри Зан-Модар мерасиданду ба заҳматҳои вай баҳои ҳаққонӣ медоданд. Буданд мардоне, ки дар баробари Зан-Модар эҳтиром қоил набуданд. 

Дар он ҷое, ки зан роҳбар аст, кор маънии дигар дорад. Ҳамаи сифатҳои некро дар корхона пайдо кардан мумкин аст, зеро занон дар баробари сарварӣ ба хотири пешрафти кор вазифаи худро фаромӯш намекунанд. Ба тарбия машғул мешаванд ва мардонро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд.  Зани соҳибтаҳсилоту донишманд метавонад зиндагии моро комилан тағйир диҳад. 

Хушбахтона, даврони соҳиб­истиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи зан дар ҷомеаи мо баланд бардошта шуд. Имрӯз занони тоҷик дар мансабҳои баланди давлатӣ кор мекунанд ва қатори мардон дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон саҳмгузор мебошанд. 

Даврони барқарории ҳокимияти шуравӣ дар ноҳияи Рашт соли 1987 ҳамагӣ 86 нафар зан дар вазифаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият менамуданд, (он сол ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт дохил мешуд), вале маълуоти оморӣ имрӯз гувоҳӣ медиҳад, ки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Рашт шумораи занони соҳибтаҳсилот ва фаъол хеле афзудааст. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф 480 нафар, тандурустӣ - 365, фарҳанг - 58, бонкдорӣ - 30, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - 15 ва рушди соҳибкории хурду миёна 154 нафар кору фаъолият доранд. Айни замон 3 нафар занони ноҳия номзади илм мебошанд. 15 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 69 нафар вакилони маҷлисҳои маҳаллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. 175 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, 20 нафар хизматчии давлатӣ ва 73 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Иштироки занону духтарони ноҳия дар баргузории ҷашну чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бисёр фаъолонаву назаррас аст.

Бо мақсади бештар ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷалб намудани занону духтарон, тарбияи кадрҳои ҷавон, масъалаи фаъолгардонии шуроҳои занон аз масоилест, ки имрӯз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. 

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: