Дилафрӯз ЭШОНОВА БОНУЕ, КИ ИРОДАИ ГЕНЕРАЛ ШУДАН ДОРАД
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ дар кишвари мо пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ҳоло соҳае нест, ки дар он занон фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Вақте сухан аз зани деҳот меравад, симои заноне бо пероҳанҳои зебои миллӣ, тоқиву рӯймолҳои хоси ҳар маҳал пеши назар меоянд. Аммо кам андар кам дар деҳоти кӯҳистон занеро дар либоси низомӣ вохӯрдан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, зиндагиномаи бонуи низомиро, ки сокини яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар аст, ибратбахш ва сутуданӣ дарёфтем.
Ӯ нозири реҷаи махфии қисми мустақили 56-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Тоҷикобод, майор Дилафрӯз Эшонова аст. Дилафрӯз баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд муддат дар мактаби миёна кор карда, баъдан мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид. Соли 2014 фаъолиятро дар зодгоҳаш, дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайси нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ идома дод. Аз моҳи ноябри соли 2025 то имрӯз нозири реҷаи махфии қисми мустақили 56-уми Хадамоти давлатии оташнишонӣ мебошад.
- Вақте бори нахуст либоси низомӣ ба бар намудаму дар саф рост истодам, худамро каме ноҳинҷор ҳис намудам, чун ягона зан дар сафи мардон будам. Вале азму иродаам ки қавӣ буд, гумону шубҳаро аз қалб дур афканда, дар назди ҳозирин савганди садоқат ба Ватану миллатро ёд кардам, - гуфт ин бонуи низомӣ. - Аз хурдӣ орзуи низомӣ буданро дар дил мепарваридам. Ба ашхоси низомӣ, либос, тарзи роҳ рафтан, муомилаву рафтори онҳо бо ҳавас менигаристам. Вақте вориди муҳити низомиён гардидам, дунёи пурасрореро барои худ кашф намудам. Он кураи азимеро мемонад, ки одамон дар он чун оҳан болои оташ гудохта мешаванд, пухта мешаванд, одамият меомӯзанд, кинаварзиро фаромӯш намудаву инсондӯст мешаванд, аз бисёр вобастагиҳо раҳо ва мустақил мешаванд, бо пару боли хеш парвоз кардан меомӯзанд.
Дилафрӯз чун вазифаи назоратчиро ба уҳда дорад, хеле пуртамкин аст ва таъкид мекунад - нафаре, ки талаботро риоя намекунад, набояд дар чунин сохтор фаъолият намояд.
- Муомилаи хуб бо ҳамкорон касро соҳибэҳтиром мегардонад, - иброз медорад майор Дилафрӯз Эшонова. - Баъзан бо тақозои вазифадорию масъулият кас маҷбур мешавад нисбат ба нафароне, ки интизоми ҳарбиро риоя намекунанду ба вазифаҳои хизматӣ хунукназарӣ зоҳир менамоянд, тибқи муқаррарот чораандешӣ намояд.
Бояд иқрор шуд, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба чунин кори ба қавле «мардона» машғул шудани ин бонуи деҳотӣ аз ҷасорату матонат ва неруи шикастнопазири ӯ дарак медиҳад.
Дилафрӯз Эшонова, пеш аз ҳама, аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст. Зеро бо шарофати ғамхории падаронаашон занону духтарони кӯҳистон соҳиби касби дилхоҳи худ мегарданд. «Ман ҳам яке аз чунин бонувони хушбахти даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошам, ки тавассути Квотаи президентӣ донишгоҳро хатм намуда, имрӯз содиқона ба халқу Ватани худ хизмат менамоям», - бо ифтихор мегӯяд Дилафрӯз.
Масъулини шуъбаи ВКД дар ноҳияи Тоҷикобод Дилафрӯз Эшоноваро ҳамчун корманди кордону ботаҷриба, хушмуомила, меҳнатдӯсту дилбастаи касбаш эҳтиром менамоянд. Мавсуф дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва дигар мукофот қадр гардидааст.
- Мушкилоти асосии ин касб, қабл аз ҳама, реҷа ва низоми махсус доштани он аст. Биноан, бисёриҳо ба он ақидаанд, ки занон ба чунин мушкилиҳо тобовар нестанд. Аммо инсон дар кадом соҳае, ки фаъолият намояд, танҳо садоқат ва иродаи қавӣ метавонад ӯро ба қуллаи мурод расонад. Вақте ҳамватанонам зиндагии амн доранд, худро хушбахту муваффақ меҳисобам. Кафили осоишу оромӣ ва ободии сарзамин буданро қарзи имониву виҷдонии хеш мешуморам, - таъкид мекунад Дилафрӯз.
Дилафрӯз Эшонова ният дорад, ки то рутбаи генералӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намояд.
- Сарбозе, ки орзуи генерал шуданро дар дил намепарварад, сарбози асил нест, - мегӯяд ӯ. - Мехоҳам ба зинаҳо ва рутбаҳои баландтари низомӣ мушарраф гардам. Медонам, ки комёб будан дар ин ҷода, пеш аз ҳама, ба иродаи қавӣ, содиқ будан ба касб ва савганди ёднамуда рабт дорад. Мутмаинам, ки азми қавӣ ва нияти нек инсонро ба ҳама орзуву ниятҳо мерасонад.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
