Рӯзи Модар арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори ӯст
Майдондории Саида дар шӯриши Восеъ, шаҳид шудани аввалин лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар таърихи адабиёт чун шоири шуҳратёфта абадан сабт шудани номи Робиаи Балхӣ, баробари таъсиси Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон (соли 1924) ба ҳайати он шомил шудани Баҳрӣ Тоҳирова, имрӯз аз бонуфузтарин озмунҳои илмию рақобатҳои варзишии сатҳи минтақаву ҷаҳон бо медалҳои тиллою нуқра баргаштани бонувон ва дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият намудани онҳо далели он аст: боре, ки Зан-Модари тоҷик аз азал то имрӯз бар дӯш доштаасту дорад, фаротар аз рисолати ӯст!
Устоди аввалини Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳаким Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Мавлоною Саъдию Ҷомӣ, ки бо дониши фароху андешаҳои ноби башардӯстона ҷаҳонро мутаҳайир намудаанд, модарони тоҷиканд. Агар оғози роҳи тайкардаи ин бузургонро биҷӯед, онро аз домони поки модари тоҷик дармеёбед. Роҳкушову роҳнамо, намунаи аввалин барои ин бузургон Зан-Модари тоҷик аст.
Рӯзгори модарони мо на ҳамеша саҳлу ҳамвор буд. Ҳар фоҷеае, ки дар гузори таърих ба сари миллат омад, аввали аввал модарон аз он зарбаи ҷонкоҳ дидаанд, аммо тамоми гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намуда, сабурона ағбаҳои зиндагиро фатҳ кардаанд.
Ба ҷойи ҳамсарону писарони ҷанграфта дар саҳро кор кардаанд. Бо писарони аз ҷанг баргашта ифтихор намудаву ба ёди ёри аздастдода хун гиристаанд. Ба ин сабаб, гоҳе дар зиндагӣ ҳам мард буданд, ҳам зан, ки ин нишони ҷоннисорию азамати онҳост.
Гоҳе ки ҳамсараш ба хотири таъмини рӯзгор берун аз кишвар меравад, рисолаташ боз ҳам фаротар аз як модар, аз як зан мегардад. Чун афсари содиқ, кулбаи ёри раҳдурашро ҳимоя мекунад, шарафи азизи мусофир-шавҳарашро ҳифз менамояд, бори тарбияи фарзандонро ба танҳоӣ мекашад ва аз ҳазор мушкилоти рӯзгор меандешаду бо заҳмату ҷоннисориҳои модарона онҳоро рафъ месозад.
Мегӯянд, ки ҳар миллатро дар баробари забон урфу одату анъана ва суннатҳои ниёгон зинда медорад. Агар чунин аст, пас модарони мо дар ҳифзу пойдории миллат саҳми нозудуданӣ доранд, зеро маҳз бо шарофати онҳо бузургтарину муҳимтарин оину суннатҳои миллиамон, ки дар Наврӯзу Меҳргону Сада таҷассум ёфтаанд, ҳифз шудаю то ба замони мо расидаанд.
Чаканро, ки ЮНЕСКО чун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф намудааст, маҳз бонувон бо ҳама хусусияти миллӣ, шаклҳои тааҷҷубовар, қиссаҳои аҷибу наҷибаш ҳифз кардаанд. Ҳоло он чун либоси хоси тоҷикон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Нигаҳдорандаи хони ҳафтсину ҳафтшини Наврӯз низ бонувонанд.
Ҳазорон сол боз дар баҳорон аз шом то субҳи дигар гирди дег ҷамъ омада, сурудхонон суманак мепазанд, то ин оин фаромӯш нагардад, балки аз насл ба насл бигзарад, зиндаю ҷовид монад.
Садҳо қиссаю афсонаҳои халқамон дар зеҳну забони бонувон зинда монда, баъдан, ҷилд-ҷилд китоб шуданд.
Бале, Зан-Модари тоҷик дар баробари иҷрои рисолати азалӣ - ба дунё овардану парвариши фарзанд барои ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ талош кардааст, зидди бедодгариҳои давр мубориза бурдааст, ба хотири ҳимояи Ватан, ҳифзи шарафу номус бо душманон мардонавор набард кардааст. Шояд аз ҳамин ҷост, ки донишмандони давр хулоса кардаанд: «Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷабрҳои таърих, тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда аст, бе ширкат, бе фазилат, бе шарофату ҷоннисорӣ ва ақлу заковати баланди Зан-Модари тоҷик наметавонист ба вуқӯъ пайвандад».
Ҳоло дар кишвари мо Зан-Модар аз ҳар давру замон дида бештар аз иззату икром бархӯрдор аст. Таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар сатҳи Роҳбари давлат мебошад. Бо мардон баробарҳуқуқанд. Пешниҳоди ташкили грантҳо, марказҳои ҳунаромӯзӣ аз ҷониби Ҳукумат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва ба ин восита боло бурдани сатҳи зиндагии занону модарони хонашин аз иқдомоти созандаи Тоҷикистонанд. Ин ҳама тадбирандешию накуӣ ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6 марти соли 2009, № 632) 8-уми март Рӯзи Модар эълон гардидан подоши шабзиндадориҳо, сӯхтану сохтанҳо, ҷоннисориҳо ва, дар маҷмуъ, арҷгузорӣ ба хидматҳои беминнату мондагори Модар дар Тоҷикистон аст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
