Бонги изтиробе, ки ҷаҳонро такон дод
Хеле пештар - дар замоне ки аксарият мушкилоти экологиро ҷиддӣ қабул намекарданд, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгӯйӣ кардаанд, ки ҳолати кунунии муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об, нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад.
Дар хотир дорем, ки соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба дастрасӣ надоштани аз се як ҳиссаи аҳолии рӯи замин ба оби нӯшокӣ ҷалб карда буданд. Аз ҳамон сол бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид якчанд барнома қабул намуд, ки ба беҳтар намудани таъмини аҳолии замин бо оби нӯшиданӣ нигаронида шуда буданд.
Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии афзоиши партовҳо ва кам кардани ҳаҷми газҳои гулхонаӣ, андешидани чораҳо барои коҳиш додани раванди гармшавии иқлим низ собитқадам аст. Бо ибтикори Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти Созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкорӣ намуд.
Дар яке аз суханрониҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, таъкид карда буданд, ки «Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст». Нигаронии Пешвои миллат ба он рабт дорад, ки ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боис ба афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст.
Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масоили об аз он ҷиҳат моҳияти хоса касб карда, мунтазам бо иттифоқи оро дастгирӣ меёбанд, ки кишвари мо бо вуҷуди то андозае эмин будан аз мушкилоти марбут ба об дар ин самт иқдом менамояд. Илова бар ин, ҳиссаи ҷумҳурии мо дар самти ихроҷи газҳои гулхонаӣ ниҳоят ночиз аст. Пешвои миллат, ҳамчун сиёсатмадори оянданигар, пештару беҳтар аз дигарон медонанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамгироӣ омили бениҳоят муҳим буда, ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти моҳияти глобалидоштаро ҳаллу фасл намояд. Ҷанбаи дигари моҳияти ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар он зоҳир мегардад, ки мушкилоте мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман, ҷаҳони муосир гардад, пешгирӣ шавад.
Месазад ёдовар шавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои байналмилалӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, бо шарикони рушд фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Бешубҳа, ибтикороти созандаи Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муштарак барои нигаҳдории иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор беназир ва муҳиму саривақтианд. Дар муддати кӯтоҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан мутмаин гардид, ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон кардани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо дар раванди ҳалли ин мушкилот бениҳоят заруру рӯзмарраанд.
Ба ибораи дигар, олам саҳнаи муносиби муколама барои ҳалли мушкилоти обӣ шуд. Дар ин замина батадриҷ мафҳуми «дипломатияи об» рӯи кор омад. Аҳли сайёра дарк намуданд, ки ғояи «дипломатияи об» аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, истифодаи усулҳои ҷадидро тақозо дорад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки «Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад». Пешвои миллат, ҳамзамон, хотирнишон шуданд, ки «Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор мегузоранд».
Маҳз ташаббускории Роҳбари давлати мо буд, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд. Муҳимтар аз ҳама, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, афзуданд, ки мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.
Дар робита ба мавзуи мавриди назар бамаврид аст аз Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар ёдовар шавем, ки дар он муқаррар шудааст: «Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад».
Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат мавқеи қотеонаи худро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо баён карданд ва таъкид намуданд, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад.
Дар дохили кишвар низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин замина, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки ба беҳтар намудани ҳолати таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи мелиоративии замин, соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда рабт дорад. Барномаҳои беҳтар намудани ҳолати таъминоти аҳолӣ Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи солҳои 2007-2020, беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010-2014, барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2015, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 аз ҳамон ҷумлаанд. Инчунин, бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти обӣ дар кишвар «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» қабул гардид.
Мо ифтихорманд бояд бошем, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ташаббусҳои муҳиму саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба масъалаҳои зикршуда ҷонибдорӣ ва мавриди омӯзиш қарор додаанд. Маҳз дар ин замина ҳаллу фасли бетаъхир ва одилонаи мушкилоти экологӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.
Фарзона ХОҶАЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





