Тартиби баромадан ба нафақа
Кай, ба куҷо ва чӣ гуна муроҷиат бояд кард?
Синни расидан ба нафақа ё бознишастагӣ дар ҳар давлат ҳар гуна аст. Аммо аксаран аз 55 то 70-ро дар бар мегирад. Мувофиқи додаҳои Википедия, аз ҳама синни поёни баромадан ба нафақа дар Чин, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Ветнам (занҳо аз 55-солагӣ) ва синни боло Дания (70-солагӣ) мебошад. Дар дигар давлатҳо аксаран байни 60 то 67-солагӣ муайян шудааст. Дар кишвари мо барои занҳо 58 ва мардҳо 63 мебошад.
Дар ҳамаи давлатҳо ҳангоми расидан ба нафақа бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шаҳрванд бознишастагиашро расмӣ ва ба гирифтани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунад. Чун аксар вақт доир ба тартиби ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани нафақа ба идораи рӯзнома муроҷиат мекунанд, тасмим гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди омодасозии ҳуҷҷатҳо барои баромадан ба нафақаро шарҳу тавзеҳ диҳем. Бо ин мақсад ба сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи агентии мазкур Муҳаммад Қурбонзода бо чанд савол муроҷиат намудем:
— Барои ба нафақа баромадан шаҳрванд ба куҷо бояд муроҷиат намояд?
— Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, таҳти № 90, ба роҳ монда шудааст. Шаҳрванд ҳангоми расидан ба синни ниҳоии нафақа бояд ба раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали зист муроҷиат намояд. Пас аз қабул гардидани ҳуҷҷатҳо раёсати зикршуда ҳуҷҷатҳо ва дархостро ба марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ барои тасдиқи музди меҳнат ва таъин намудани нафақа ирсол менамояд.
— Тартиби ҳисоби нафақа чӣ гуна аст?
— Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2015 конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали зисти шахси суғурташуда ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 амалӣ мешавад. Меъёри нафақавии шахсони суғурташуда, ки ба ҳолати 1 январи соли 1999 тасдиқ шудаанд, 120 сомонӣ барои ҳар моҳи пурраи собиқаи корӣ муайян шудааст. Нафақаи баъд аз 1 январи соли 1999 бо назардошти сармояи шартӣ, ки аз ҷониби марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ музди меҳнат тасдиқ мегардад, ҳисобӣ мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ доранд, мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ таъин карда мешавад. Мутобиқи моддаи 32 қонуни мазкур ба шахсоне, ки собиқаи корӣ надоранд, нафақаи иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлат пешбинӣ шудааст.
Ба маъюбон дар асоси хулосаи Хадамоти давлатии тиббию экспертизаи иҷтимоӣ баъд аз эътироф ва муайян намудани гурӯҳи маъюбӣ, новобаста аз синну сол, нафақаи маъюбӣ таъин ва пардохт карда мешавад.
Дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъин мегардад.
Дар асоси моддаи 31 ҳамин қонун нафақаи иҷтимоӣ бинобар маҳрум шудан аз саробон, барои як кӯдак 60 фоиз, барои ду кӯдак 90 фоиз, барои се кӯдак ва ё зиёда аз он 120 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида таъин мешавад.
— Чаро ҳангоми ба нафақа баромадан давраи фаъолият ба ду қисм ҷудо шудааст: то соли 1999 ва баъд аз он?
— Мутобиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот оид ба супоридани андозҳои иҷтимоӣ аз корхонаву идораҳо ба агентӣ аз моҳи январи соли 1999 ба назорат гирифта мешавад. Аз ҳамин сабаб, собиқаи корӣ то соли 1999 аз рӯи сабти дафтарчаи меҳнатӣ ва баъд аз он аз рӯи андозҳои иҷтимоӣ ҳисобӣ мешавад.
— Оё имкон дорад, ки дар кишвари мо маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ яклухт пардохт шавад?
— Мутобиқи моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ин маблағ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ бо назардошти даромад ва давоми моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад. Агар андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад (андозаи нафақаи заминавӣ 357,5 сомонӣ), қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар мешавад.
Мусоҳиб Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
