https://sadoimardum.tj

Дар минтақаи Рашт зиёда аз 10 ҳазор ниҳол шинонда шуд

№:30 (5082), 16 мар 2026, 16:11
3

Дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикободу Лахш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, зиёда 10 ҳазору 300 бех ниҳолони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки нигоҳубини мунтазам ва ҳифзи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини нашъунамои хуб ва нигоҳдории онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Таъкид гардид, ки ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар нигоҳдории экосистемаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва тат­биқи барномаҳои давлатӣ вобаста ба кабудизоркунӣ ва рушди иқтисоди «сабз» ­мусоидат менамоянд.
С. МАҲМУД,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: