https://sadoimardum.tj

Бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

№:30 (5082), 16 мар 2026, 16:20
6

Дар шаҳри Хуҷанд эъмори бинои нави Муассисаи давлатии «Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» яке аз иншооти муҳташами ҷашнӣ ба шумор меравад. Тибқи иттилоъ, иншоот аз чор ошёна иборат буда, дар он осорхона, толорҳои универсалӣ, маҷлисгоҳ, музокирот, нишасти матбуотӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти зарурию ёрирасон пешбинӣ шуда, бо риояи унсурҳои санъати меъмории миллӣ бунёд мегардад.
Лоиҳаи ин иншоот аз ҷониби маркази амалигардонии «Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ»-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия шуда, фармоишгари он идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва паймонкор ширкати сохтмонии «Евростройсервис» мебошанд.
Ҳамзамон, дар шаҳр сохтмони маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» ҷараён дорад. Ин маҷмаа бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бунёд гардида, имкон медиҳад, ки дар як вақт зиёда аз 1000 нафар ба машқу тамрин фаро гирифта шаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ мутобиқи нақша идома дорад. Бунёди чунин иншооти замонавӣ барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти босамари кормандон ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бунёди иншооти фарҳангӣ низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнист. Айни ҳол дар шаҳр сохтмони қасри фарҳанг бо 3000 ҷойи нишаст оғоз гардида, он бо услуби меъмории миллӣ қомат меафрозад. Ҳамчунин, дар доираи корҳои созандагӣ боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар масоҳати 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд мегардад. Тибқи лоиҳа, 50 фоизи масоҳати боғ сабзу хуррам гардонида мешавад.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: