https://sadoimardum.tj

Паём баҳри иҷрои дастурҳои ояндасози роҳбари давлат муваззафем

№:30 (5082), 16 мар 2026, 16:24
1

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро соли таърихӣ номиданд. Барои тақвияти андеша ёдоварӣ аз таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки роҳбарони се давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон кофист.
Дар ин рӯзҳо як масъалаи басо муҳиму доғ - баҳси сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сад сол идома дошт ва гоҳо то ба муқовимати мусаллаҳона мерасид, ҳал гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ, маҳз бо саъю талоши Роҳбари сулҳпарвари давлати мо, ки барои аз роҳи гуфтушунид ҳал намудани масоили доғу баҳсталаб таҷрибаи ғанӣ доранд ва дигаронро ба ин талқин менамоянд, муяссар гардид. Муҳим он аст, ки дар гуфтушуниди се кишвари Осиёи Марказӣ ҳеҷ миёнарав ширкат ­надошт. Илова ба ин, дар арафаи таҷлили Ҷашни Наврӯз ба вуқӯъ пайвастани ин рухдоди таърихӣ собит намуд, ки мо - соҳибони ҳақиқии ин ҷашни бузург ба оин ва аркони он арҷ мегузорем.
Роҳбари давлат зимни ироаи Паём, ҳамчунин, бо ишора ба татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро дар бар мегиранд, зикр намуданд, ки андешидани тадбирҳои саривақтию самаровар дар ин самт боис ба 3,4 баробар зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,6 фоиз афзудани иқтисоди миллии мо гардид.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи амалии марҳилаи ниҳоии «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» имкон фароҳам меорад дар панҷ соли оянда истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ду баробар зиёд ва сатҳи камбизоатӣ даҳ фоиз кам гардад. Ин нишондод барои кишваре, ки чанде пеш даргирии дохилии мудҳишро паси сар кардаю фаъолияти зербинои давлатиро аз сифр ба роҳ мондааст, дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.
Масъалаи дигаре, ки Президенти мамлакат онро дар Паём мадди назар қарор доданд, саҳми бахши хусусӣ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Онро «ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар» арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки «ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад».
Президенти кишвар ба соҳибкорони баору номуси миллат, ки дар рушду ободии Ватани азизамон бо бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла таъсиси коргоҳҳои нав, муҳайё кардани ҷойҳои нави кор ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию камбизоатӣ саҳми назаррас мегузоранд, изҳори сипос намуда, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад».
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад ва тавре дар Паём ишора шуд, чанд соли охир дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Танҳо соли гузашта 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Дар ин росто Роҳбари давлат барои боз ҳам тавсеа додани раванди саноатикунонии кишвар ба сохторҳои дахлдор супориш доданд. Аз ҷумла, дастур шуд, ки бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш, тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад. Ҳукумати мамлакат барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонанд.
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон низ мақоми меҳварӣ дош­танд, ки бесабаб нест. Маҳз ин самтҳо барои ҳар миллат ҳувиятсоз ба шумор рафта, ҷиҳати бақои давлату миллат замина муҳайё месозанд.
Шоҳид ҳастем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат ба ин соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса доштанд ва маҳз аз баракати чунин муносибати дурандешона дар се даҳсолаи охир ҳазорҳо иншоот барои ин соҳаҳо бунёд шуданд. Ҳадаф танҳо ин аст, ки насли наврасу ҷавон соҳибмаълумоту донишманд, дорои фарҳанги баланд ба воя расанд, зеро афроди донишманду бомаърифат, огоҳ, дорои ҳувияти баланди миллӣ қодиранд аз манофеи давлату миллат ҳимоя намоянд. Дар ин замони пуртазод ва бархӯрди тамаддунҳо миллате метавонад асолати худро нигоҳ дорад, ки иқтидори бузурги зеҳнию маърифатӣ дорад, рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқашро таъмин кунад, поя­ҳои давлатдориашро таҳким бахшад ва истиқлоли худро ҳимоя намояд. Маҳз ба ҳамин хотир, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Квотаи президентӣ амал мекунад, ки тавассути он ҳазорҳо нафар аз музофот ба таҳсил фаро гирифта шуда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти босамар доранд.
Роҳбари давлат ҳамеша ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки забонҳои хориҷиро омӯзанд, зеро имрӯз шароите ҳукмфармост, ки барои пешрафти ҳар як кишвар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ, амри зарурӣ гаштааст. Бе донистани забонҳои хориҷӣ ҳамкории судманд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тавсеаи равобит ғайриимкон аст.
Пешвои миллат дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи дурусти насли наврас низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, зеро таълиму тарбия ду масъалаи ба ҳам тавъам ҳастанд. Мусаллам аст, ки зербинои тарбия ва таълим дар хонавода гузошта мешавад ва падару модар, баъдан муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сипас омӯзгорон дар раванди инсонсозӣ масъул ҳастанд. Бо назардошти муҳимияти мавзуъ Роҳбари давлат зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Мо имсол бузургтарин ҷашни миллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро таҷлил мекунем. Итминони комил дорем, ки ҳар сокини кишвар бо садоқат ба Роҳбари давлат, муҳаббати бузург ба Ватани аҷдодӣ дар татбиқи нақшаю ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат саҳм мегузорад ва якҷо ин ҷашни фархундаю муҳими таърихиро бо дастовардҳои арзандаю сарбаландӣ истиқбол менамоем.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: