https://sadoimardum.tj

Шиносоии вакилон бо раванди омодагӣ ба раъйпурсӣ дар Қазоқистон

№:31 (5083), 18 мар 2026, 16:56
1

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода ва Ҳаким Давлатзод барои иштирок дар мониторинги байналмилалӣ оид ба раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявӣ доир ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳайати нози-рони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва Ассамблеяи парламентии СААД аз 11 то 16 марти соли 2026 ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар наму-данд.
Тавре нозирони кишвари мо иттилоъ доданд, ҳамоҳангии кори масъулон тибқи қонунгузории ин кишвар ба роҳ монда шудааст. «Ҳатто дар мавзеъҳои хурд, дар деҳот, мо низому тартиботи намунавиро мебинем. Аъзои комиссияҳо вазифаҳои худро дақиқ медонанд, бо нозирон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ боодобона муно-сибат мекунанд. Омодагии сокинони деҳот баланд аст, ки аҳамияти ислоҳоти пешниҳодшударо барои тамоми кишвар тасдиқ мекунад», — изҳор намуданд онҳо.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: