https://sadoimardum.tj

Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба ҳам шодбош гӯем

№:31 (5083), 18 мар 2026, 16:59
1

21-уми март, ки мардуми тоҷик, форсизабонони олам ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Ҷашни байналмила-лии Нав­рӯзро бо шаҳомат таҷлил менамоянд, рӯзи хоси дигаре ҳам ҳаст. Ин рӯзро Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурии мо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории аксар кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузидааст.
Наврӯз, ки ниёгонамон онро бо ҳама ҷузъиёту суннатҳои некаш пос доштаю аз насл ба насл, то ба замони мо расонидаанд, танҳо ҷашни шеъру рақсу суруд нест. Пажуҳишгарон онро рамзи робитаи инсон ва табиат тафсир карда, ҷашни эҳёи табиат, оғози киштукор, баробаршавии шабу рӯз, замони сабзишу шукуфтанҳо низ медо-нанд. Масалан, донишмандони тоҷик садсолаҳо пеш муайян намуда буданд, ки Наврӯз баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки он ҳар сол 20 ё 21 март фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз дар ҳоле рух медиҳад, ки офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Чунин пайвандии инсону табиатро ҳатто дар нақшҳои рангорангу зебои чакан ҳам, ки одатан бонувони мо аз азал дар Ҷашни Наврӯз ба бар мекарданд, мета-вон ҷустуҷӯ намуд.
Бо итминон бояд гуфт, ки пир­яхҳо низ ҷузъи табиатанд. Мо пиряхҳоро одатан манбаи оби ошомиданӣ ме-пиндорем, ки ин, албатта, дуруст аст, аммо дар ин баробар, онҳо манбаи мувозинат ё омили устувории табиат низ мебошанд. Агар ин ду унсури барои ҳастии одамон муҳим — оби ошомиданӣ дар рӯи замин ифлос ё кам гардаду мувозинати табиат вайрон, инсон дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Нагирифтани пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ҷомеаи ҷаҳонро ба оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ созад. Чунин раванд, агар аз як тараф, боиси коҳиш ёфтани оби соф гардад, аз ҷониби дигар, сабаби ба-ландшавии сатҳи уқёнусҳо шуда, ба фоҷиа ва ҳодисаҳои ногувори табиӣ оварда мерасонад.
Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам огоҳонаю хирадмандона пешниҳод намуданд, то Созмони Милали Муттаҳид маҳз 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намояд. Роҳбари давлатамон, ки аз ташаббускорони ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мебошанд, бори дигар собит намуданд, ки инсон ва табиат ба ҳам таъсири амиқ доранд ва дар Наврӯз инсонҳо бори дигар аз табиат ёд кунанд ва барои ҳифзи зар-фиятҳои он талош намоянд, хоса, аз пиряхҳо. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто вазъи бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон чандон хуб нест. Масалан, пиряхҳои баландтарин (дар паҳлуи Эверест), дарозтарин (дар Аляска) ва охирин пиряхҳои боқимонда дар Африқо аз соли 2000 инҷониб аз таъсири партовҳои СО2 (гази оксиди карбон), ки бои-си болоравии ҳарорат мегардад, бо суръати ташвишовар нест мешаванд. Ҳар сол 58 миллиард тонна обро аз даст медиҳанд, аммо аз се ду ҳиссаи ин талафотро захира кардан мумкин аст, ба шарте афзоиши ҳарорати миё-наи ҷаҳонӣ нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ аз 1,50 С беш набошад.
Метавон хулоса кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар сиёсатмадорону давлатмардони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо ин пешниҳодашон — эълон наму-дани Рӯзи байналмилалии ҳифзи ­пиряхҳо Ҷашни бостонии Наврӯзро мувофиқ ба замон ва андешаҳои нав ҷилою тобиши тоза бахшиданд. Ҳамин тавр, бо ташаббуси Сарвари давлат навгонии ҳадафмандонаю тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзун шуд. Аз соли 2025 ҳамасола дар аввалин рӯзи Ҷашни Наврӯз, ки ба 21-уми март рост меояд, дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ таҷлил мешавад.
Месазад рӯзи 21-уми март дар баробари Наврӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки ташаббускори аслии эълон шудани он Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба ҳамдигар шод-бош гӯем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садом мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: